Хабарҳо
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 20.06.2018 16:48
Дар Истаравшан корхонаи коркарди шир ба истифода дода шуд - 20.06.2018 16:45
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” - 20.06.2018 13:16
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - 20.06.2018 13:13
Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку - 20.06.2018 08:52
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид - 20.06.2018 08:51
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон - 19.06.2018 16:56
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар Тоҷикистон - 19.06.2018 15:36

Ба барандаи Шоҳҷоизаи озмуни вилоятии “Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” 10 адад дастгоҳи атласу адрасбофӣ ва 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад

( 0 Овоз )

Моҳҳои октябр-ноябри соли 2017 дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 октябри соли 2017, №485 ба тасвиб расид.

Озмуни мазкур бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матои адрасу атласи дастибоф, тарғиби сару либос аз матоҳои табии аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллии бофандагӣ, баланд бардоштани завқи либоспӯшии миллӣ гузаронида мешавад.

Озмун аз бахшҳои зерин иборат аст:

-Шоҳҷоиза ба маркази атласу адрасбофии беҳтарин;

-Маркази таълимӣ-истеҳсолие, ки аз ҳама зиёд матоъи дастибоф истеҳсол намудааст (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

- Маркази таълимӣ-истеҳсолии хонагие, ки аз ҳама зиёд матоъи дастибоф истеҳсол намудааст (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

- Маркази таълимӣ-истеҳсолие, ки аз ҳама зиёд шогирд омода намудааст (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

-Сифат ва нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастибоф (дар алоҳидагӣ 3 ҷой).

Ба барандаи Шоҳҷоизаи озмуни вилоятии “Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” 10 адад дастгоҳи атласу адрасбофӣ ва 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми бахши “Маркази таълимӣ-истеҳсолие, ки аз ҳама зиёд матоъи дастибоф истеҳсол намудааст” соҳиби 7, 5 ва 3 ададӣ дастгоҳи атласу адрасбофӣ мешаванд. Ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми бахши “Маркази таълимӣ-истеҳсолии хонагие, ки аз ҳама зиёд матоъи дастибоф истеҳсол намудааст” мутаносибан 5000 сомонӣ, 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва як ададӣ дастгоҳи атласу адрасбофӣ тақдим мешавад.

Ба соҳибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми бахшҳои “Маркази таълимӣ-истеҳсолие, ки аз ҳама зиёд шогирд омода намудааст” ва “Сифат ва нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастибоф” мутаносибан  7, 5 ва 3 ададӣ дастгоҳи атласу адрасбофӣ супорида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба барандаи Шоҳҷоизаи озмуни вилоятии “Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” 10 адад дастгоҳи атласу адрасбофӣ ва 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад