Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

Дар Конибодом даври минтақавии озмуни вилоятии «Сапеда-2017» баргузор шуд

( 0 Овоз )

Чанд рӯз пеш дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Конибодом даври минтақавии озмуни вилоятии «Сапеда-2017» баргузор гардид.

Озмуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароит барои вусъати эҷодӣ ва қобилияти кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагони нақшҳои таърихӣ, овозхону навозандагон, раққосон, наттоқон, ровиён ва дигар ҳунармандон роҳандозӣ гардида, даври аввали он дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят баргузор шуд.

Дар даври минтақавии озмуни мазкур, ки дар шаҳри Конибодом доир шуд, соҳибистеъдодҳо аз шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Мастчоҳ ва Ашт ширкат варзида, ҳунару маҳорати худро намоиш доданд.

Беҳтаринҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян гардида, ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Конибодом даври минтақавии озмуни вилоятии «Сапеда-2017» баргузор шуд