Хабарҳо
Соли равон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 5075 муроҷиат ворид гардид - 15.12.2017 09:37
4,8 ҳазор метри мураббаъ қолинҳои дастибоф истеҳсол шуд - 15.12.2017 09:36
Суғд: Музди миёнаи маош 1004,76 сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли гузашта 244,95 сомонӣ зиёд мебошад - 15.12.2017 09:35
Зариф Мирдадо ба 50 донишҷӯ 5 000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим намуд - 15.12.2017 09:34
Беш аз 2414 километр роҳҳои ҳудуди вилояти Суғд таъмир шуд - 15.12.2017 09:31
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109,7 фоиз таъмин гардид. Ба буҷет 1 694,8 млн. сомонӣ ворид гардид - 15.12.2017 09:32
Суғд: Ба маблағи 450 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 15.12.2017 09:31
Ба донишҷӯёни фаъолу аълохон ва ихтироъкор беш аз 20 ҳазор сомонӣ тақдим шуд - 15.12.2017 09:28
Основной телохранитель: Из командиров в созидатели беседа с бывшим командиром Хакимом Каландаровым - 14.12.2017 16:58
Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017 - 14.12.2017 14:30

Баргузории Фестивали «Атласу адраси Хуҷанд- 2017»

( 0 Овоз )

10 октябр дар кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади эҳёву тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофии дастӣ, фарҳанги моддӣ, рӯзғордории халқи тоҷик, рушди соҳаи саноати сабук, тарғиби сарулибос аз матои табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар, рушди меҳнати хонагӣ, баланд бардоштани мақому завқи либоспӯшии миллӣ, зебоипарастӣ, таъсиси ҷойи корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо Фестивали «Атласу адраси Хуҷанд- 2017» баргузор шуд.

Дар фестивали мазкур, ки бо ҳузури муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва занону духтарони фаъоли шаҳр сурат гирифт, як қатор тарроҳон иштирок намуданд.

Фестивал аз рӯйи номиннатсияҳои либосҳои “Миллии қадима”, “Кӯдакона”, “Расмӣ”, Идона” ва “Арӯсию домодӣ” баргузор ва ҳайати ҳакамот бо назардошти зебоӣ, дизайни либос, нотакрорӣ, ғайримуқаррарӣ, ҳалли тобиш, обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдӯзии дастӣ, қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ, пардоз ва ғайра онро баҳогузорӣ намуданд.

Сипас, аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм аз рӯйи номинатсияҳои номбурда тӯҳфаҳо супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории Фестивали «Атласу адраси Хуҷанд- 2017»