Хабарҳо
Соли равон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 5075 муроҷиат ворид гардид - 15.12.2017 09:37
4,8 ҳазор метри мураббаъ қолинҳои дастибоф истеҳсол шуд - 15.12.2017 09:36
Суғд: Музди миёнаи маош 1004,76 сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли гузашта 244,95 сомонӣ зиёд мебошад - 15.12.2017 09:35
Зариф Мирдадо ба 50 донишҷӯ 5 000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим намуд - 15.12.2017 09:34
Беш аз 2414 километр роҳҳои ҳудуди вилояти Суғд таъмир шуд - 15.12.2017 09:31
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109,7 фоиз таъмин гардид. Ба буҷет 1 694,8 млн. сомонӣ ворид гардид - 15.12.2017 09:32
Суғд: Ба маблағи 450 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 15.12.2017 09:31
Ба донишҷӯёни фаъолу аълохон ва ихтироъкор беш аз 20 ҳазор сомонӣ тақдим шуд - 15.12.2017 09:28
Основной телохранитель: Из командиров в созидатели беседа с бывшим командиром Хакимом Каландаровым - 14.12.2017 16:58
Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017 - 14.12.2017 14:30

Об василаи дўстӣ ё ҳалли як мушкилоти наздимарзӣ

( 0 Овоз )

«Ҷўи нав» ном гирифта буд, канале, ки соли 1936 дар шаҳри Исфара бунёд гардидааст ва он 227 гектар замини ҷамоатҳои деҳоти Чоркўҳ, Сурх ва 50 гектар замини деҳаи Паски Ариқи Ҷумҳурии Қирғизистонро шодоб мегардонид.

Солҳои охир ҳолати ин канал аз обхезиҳои зиёд хеле хароб гардида, ҳамасола баробари фаро расидани фасли баҳор сатҳи об дар дарёи Исфара баланд шуда, сари ҷўи калонро бурида мерафт.

Ҳар сол дар мавсими кишту кор коргарони Идораи хоҷагии оби Исфара бо кўмаки сокинони ин минтақаҳо корҳои азнавбарқароркунӣ ва мустаҳкамкунии ҷўйро мегузарониданд. Аммо то ба анҷом расонидани корҳои таъмиру тармим заминҳои кишт бе об монда, дар натиҷа ҳосилнокии майдон паст мегардид.

Тобистони соли 2016 бошад, дар натиҷаи обхезии зиёд дар дарёи Исфара 150 метр Канали Ҷўи нав ҳам осеб дида, корношоям гардид. Заминҳои кишти маҳаллаҳои Сари ҷар, Навобод, Фирдавсӣ, Солиев, Ҳоҷӣ Рауфи ҷамоатҳои деҳоти Сурх ва Чоркўҳи шаҳри Исфара ва деҳаи Паски Ариқи вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон бе об монданд. Дар хоҷагии ба номи Муҳаммад Қодиров, ки ҳар сол аз 13 гектар замин сабзавоту дигар зироатҳо ва аз 18 гектар боғ ҳосили зиёд мегирифт, тўли ду моҳ бе об монд. Аҳолии минтақаи номбурда бо 12 тонна санге, ки аз домони кўҳ дастрас намуда буданд, соҳилро мустаҳкам карданд. Аммо бо чунин амалиёт, ки он борҳо такрор ёфта буд, муаммо ҳалли худро наёфт.

Бо мақсади барқарор сохтани канал Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Исфара чораҷўӣ намуд. Пас аз баргузории маҷлиси дуҷониба намояндагони Тоҷикистон аз ҷамоатҳои деҳоти Сурх, Чоркўҳ, Ворух ва ҷониби Қирғизистон аз минтақаҳои Оқсой ва Самарқанд корҳои таъмирӣ гузарониданд. Дар масъалаи таъминот бо маблағ ва дастрасии таҷҳизоти техникӣ, ба монанди крану мошини боркаш бошад, тибқи лоиҳаи «Ҳамкории фаромарзӣ ба хотири сулҳ ва рушди устувор» Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид мадад расонид ва канал аз нав барқарор гардид.

Минбаъд ин мавзеъ зери назорат гирифта шуда, аз рўи муроҷиати бошандагони маҳаллаҳои ду давлат бонавбат заминҳои кишоварзӣ шодоб гардонида мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Об василаи дўстӣ ё ҳалли як мушкилоти наздимарзӣ