Хабарҳо
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд - 15.06.2018 07:39
Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ашт - 14.06.2018 09:29
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд - 14.06.2018 09:26
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 14.06.2018 09:20
Корхонаву ширкатҳо мутахассисонро интихоб ва ба кор ҷалб намуданд - 13.06.2018 13:49

«Энсиклопедияи Истаравшан» чоп мегардад

( 2 Овоз )

Дирӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷаласаи сарредаксияиилмии«Энсиклопедияи Истаравшан»баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа ҳайати таҳририяи сарредаксия, мушовирон ва дигар ҳайати эҷодӣ иштирок намуданд.

Энсиклопедияи мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи осори гузаштагон ва муосир, дастоварди илмии муаррихон, олимон, адибон ва фозилони шаҳри Истаравшан, ҳифз ва дастраси умум гардонидани дастовардҳо, дастхатҳои нодир, мураттаб сохтани ганҷинаи илмию тадқиқотӣ, таърихию фарҳангии маҳал омода ва чоп мегардад.

Дар ҳайати таҳририя, мушовара ва эҷодии сарредаксия Саидумари Султон, академикон Кароматулло Олимов, Ӯлмас Мирсаидов, Маҳкам Маҳмудзода, доктори илмҳои фалсафа Маҳмадқул Ҳазратқулов, раиси шаҳр Баҳром Иноятзода, журналистон Ҳусейни Нарзулло, Ҳикматуллоҳи Насруллоҳ, Сайфулло Маҳкамов, Раънои Зоирдухт, Илҳоми Саршор, Ӯктами Нурулло, Валиҷон Акбарӣ, Баҳром Юсуфзод, котиби матбуоти раиси шаҳр Шералӣ Азимӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Қаюмов Абдуваҳоб, сардори Раёсати маориф Икромов Ортуқбой ва дигарон шомил гардидаанд.

Бояд иброз намуд, ки омода гардидани «Энсиклопедияи Истаравшан» аз ҷониби як гуруҳ олимон ва академикони шаҳри Истаравшан пешниҳод гардида, он аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Истаравшан ҷонибдорӣ гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Энсиклопедияи Истаравшан» чоп мегардад