Хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25
ПАЙВАНДОНИ ҲАЙДАР ҚОСИМОВ: “ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ” - 18.11.2017 21:23
Машварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 18.11.2017 17:35
Ифтитоҳи навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Суғд Пак” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 12:49
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ - 18.11.2017 11:39
Ифтитоҳи корхонаи дорусозии ҶДММ “Фарм Суғд” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 11:35
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаии ҶДММ «Элегант» - 18.11.2017 10:05
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд - 17.11.2017 16:25

Дар Гулистон ҷаласаи 15-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ оғоз гардид

( 0 Овоз )

Имрӯз дар шаҳри Гулистони  вилояти Суғд ҷаласаи 15-уми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба бехатарии саноатӣ оғоз гардид.

Меҳрафзун Давлатзода, мудири бахши умумии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ба ҳайати Шӯро Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Украина шомил буда, дар ҷаласаи он масъалаҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои марбут ба бехатарии саноати ин кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

«Барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии ИДМ намояндагони Ҷумҳурии Ўзбекистон  даъват шудаанд, ки ин аз густариши ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Ўзбекистон ва кишварҳои аъзо гувоҳӣ медиҳад»,-хабар дод манбаъ ва илова намуд, ки «ҳалли масъалаҳои марбут ба бехатарии саноатӣ ва таъмини кафолати амнияти ҳаёт ва саломатии кормандоне, ки дар иншооти хатарнок  фаъолият менамоянд, инчунин ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз садамаҳои техногенӣ бо назардошти истифодаи самараноки таҷриба ва дастовардҳои илмию техникӣ ҳадафи асосии баргузории Шӯро мебошад».

Дар назар аст, ки дар Шўрои мазкур миёни Хадамоти федералӣ, экологӣ-технологӣ ва назорати атомии Федератсияи Россия ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи танзими бехатарии саноатӣ ба имзо расонида шавад.

Ёдовар мешавем, ки кори ҷаласаи 15-уми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба бехатарии саноатӣ пагоҳ, 15 сентябр идома ёфта, пас аз фарҷоми он меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ ва корхонаҳои саноатии вилояти Суғд боздид ба амал меоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Гулистон ҷаласаи 15-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ оғоз гардид