Хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25
ПАЙВАНДОНИ ҲАЙДАР ҚОСИМОВ: “ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ” - 18.11.2017 21:23
Машварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 18.11.2017 17:35
Ифтитоҳи навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Суғд Пак” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 12:49
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ - 18.11.2017 11:39
Ифтитоҳи корхонаи дорусозии ҶДММ “Фарм Суғд” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 11:35
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаии ҶДММ «Элегант» - 18.11.2017 10:05
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд - 17.11.2017 16:25

Нашри китоби «Нобиға» ба истиқболи 110 - солагии академик Бобоҷон Ғафуров

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Хуҷанд китоби наве бо номи «Нобиға» дар ҳаҷми 140 саҳифа ва бо теъдоди 200 нусха ба чоп расид.

Китоби мазкур ба қалами профессор Усмонҷон Ғаффоров ва номзади илмҳои таърих Аюбҷон Усмонов тааллуқ дорад. Ин китоб тавассути нашриёти “Меъроҷ”-и шаҳри Хуҷанд нашр шуд. Рисолаи мазкур ба таҳқиқу баррасии рўзгору осори академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, олим ва муаррих бахшида шудааст.

Мақоми ин шахсияти барҷастаи таърихи миллати тоҷик ва густаришу таблиғи андешаи миллӣ бар асоси корномаҳо ва таълифоти ў дар рисола шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Дар канори ин, дар китоби мазкур гуфтори ҳикматомўз, насиҳатномаи модар ба фарзанди хеш, инчунин андешаҳои шахсиятҳои бузурги олам дар бораи академик БобоҷонҒафуров фароҳам омадаанд. Аз ин рў, китоб барои мутолеаи доираи васеи хонандагон манзур мешавад.

Ба он академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимӣ Носирҷон Юсуфзода пешгуфторе таҳти унвони “Муҳаққиқ ва мубаллиқи таърихи миллат” навишта, аз ҷумла роҷеъ ба арзиши асар чунин таъкид доштаанд: «Нигорандагони ёдшуда фаъолиятҳои академик Бобоҷон Ғафуровро оид ба таҳаввули худшиносии миллӣ ва амиқрафти ҳуввияти ҷомеа тадқиқ намуда, маҷмўаи гуфторҳои нодири ин донишманди тоҷикро бар асоси сарчашмаҳои мухталиф, сўҳбат бо афроде, ки бевосита ҳамнишини аллома Бобоҷон Ғафуров будаанд, гирд овардаанд, ки онҳо низ дорои аҳамият буда, мероси маънавии ин фарзанди бузурги миллат маҳсуб меёбанд”.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки ин дувумин китобест, ки ба истиқболи 110 - солагии академик Бобоҷон Ғафуров нашр шудааст. Қабл аз ин китоби “Тоҷикшиноси бузург” ба нашр расида буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Нашри китоби «Нобиға» ба истиқболи 110 - солагии академик Бобоҷон Ғафуров