Хабарҳо
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47

Номаи сипоси Раиси вилоят ба таҳиягарону иштирокдорони чорабинии идона бахшида ба ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан

( 3 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Боиси хушнудист, ки мардуми шарафманди вилояти Суғд бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рамзи озодию соҳибихтиёрии кишварамон мебошад, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.

Воқеан ҳам дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикору дастгирӣ ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат рушду нумӯъ ёфта, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ гардид.

Таҷлили бошукуҳи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки мардуми тоҷик бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи мамлакат барои ояндаи дурахшони худ софдилона меҳнат менамоянд ва аз соҳибистиқлолии Ватани маҳбуб шоду масруранд.

Чорабинӣ ва барномаҳои фарҳангие, ки ба муносибати 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор шуданд, ифодакунандаи руҳияи мардуми сарбаланди тоҷик буд. Махсусан, чорабинии вилоятӣ, ки имсол дар шаҳри Истаравшан баргузор шуд, дар сатҳи баланди ташкилию маънавӣ доир гардида, фазои хуби идонаро эҳдо намуд.

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба тамоми иштирокчиён, бахусус таҳиягарон, ҳунармандон, кормандони соҳаи фарҳанг, ҷавонон, роҳбарон, хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Коллеҷҳои тиббӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воситаҳои ахбори омма, инчунин ба кулли сокинони шаҳри бостонии Истаравшан ҷиҳати ташкили ин чорабинии сатҳи баланд, пазироӣ ва бо шаҳомати хоса доир намудани барномаи фарҳангӣ изҳори миннатдорӣ менамоям.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Номаи сипоси Раиси вилоят ба таҳиягарону иштирокдорони чорабинии идона бахшида ба ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан