Хабарҳо
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22

Дар ду мавзеъи шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид

( 0 Овоз )

Субҳи имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ду мавзеъи шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши  маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Ин ярмарка дар шафати Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва дар назди бинои Кохи матбуот доир гардида, ба гуфти масъулин маҳсулоти пешниҳодгардида нисбати бозор 20-30 фоиз арзон мебошад.

Дар шафати театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Куҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Спитамен, Конибодом ва Исфара молу маҳсулоти ниёзи аввалро пешниҳоди мардум гардониданд. Дар назди Кохи матбуот низ чунин  ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзи сурат гирифта,  кишоварзони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Зафаробод, Деваштич, Айнӣ ва шаҳри Истаравшан маҳсулоти худро ба фурӯш гузоштанд.

Дар ярмарка маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон, аз ҷумла як кило гушти гов 30 сомонӣ, картошка 2-2,5 сомонӣ, сабзӣ 1 сомониву 80 дирам, биринҷ 5 сомонӣ, тухм 50 дирам ба фурӯш гузошта шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ду мавзеъи шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид