Хабарҳо
Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст - 19.01.2018 12:50
Ба озмуни «Техникони наврас» беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷоди хонандагон пешниҳод шуд - 19.01.2018 11:31
Рӯзҳои 20 ва 21 январ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад - 19.01.2018 08:41
Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, тасдиқ гардид - 18.01.2018 22:11
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.01.2018 19:37
Дар Конибодом ситод оид ба назорати раванди яхобмонӣ таъсис дода шуд - 18.01.2018 09:12
Хонандагон дар таътили зимистона ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷалб шуданд - 18.01.2018 09:07
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59

Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи нафту газ

( 0 Овоз )

Кормандони соҳаи нафту газ ҳамасола якшанбеи авали моҳи сентябр иди касбии худро таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат кулли кормандони соҳаи нафту газро, ки иди касбии худро дар арафаи ҷашнҳои 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамоянд, табрику муборакбод менамоям.

Дар замони муосир соҳаи нафту газ яке аз ҷабҳаҳои стратегиву манфиатноки иқтисодиёт маҳсуб ёфта, дар пешрафту инкишофи хоҷагии халқи мамлакат нақши муҳим мебозад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истихроҷ ва коркарди нафту газро яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобидаанд.

Таваҷҷӯҳи доимиву афзояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати рушди соҳаи нафту газ имкон медиҳад, ки солҳои наздик истихроҷи нафт зиёд гардида, барои афзоиши истеҳсоли гази табиӣ низ тадбирҳо андешида шаванд. Бо ин мақсад, ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва коҳиш ёфтани нархи нафт дар бозорҳо нигоҳ накарда, маблағгузории корҳои иктишофӣ – ҷустуҷӯӣ дар конҳои нафту газ сол аз сол торафт беҳтар мешавад.

Уме даст, ки солҳои наздик бо татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ истихроҷи нафту газ дар вилоят низ зиёд хоҳад шуд. Итминони комил дорам, ки кормандони соҳа минбаъд низ дар рушди соҳаи истихроҷ ва коркарди нафту газ саҳми арзанда мегузоранд.

Ба ҳамаи кормандони соҳаи нафту газ умри дароз, бахту саодат ва дар фаъолияти меҳнатиашон барору комёбиҳо таманно дорам.

Ид муборак, дӯстони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи нафту газ