Хабарҳо
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи дониш

( 0 Овоз )

Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил имсол дар остонаи иди бузургу муқаддаси миллӣ – 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро мерасад.

Бо ибтикороти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф дар кишварамон самти асосӣ ва соҳаи стратегӣ эълон шуда, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат эътироф гардид.

Рӯзи дониш оғози тараддудҳои фараҳбахши аҳли маорифи кишвар барои таълиму тарбияи сазовори насли ояндасоз маҳсуб гардида, талошҳои онҳо дар ин ҷода самараҳои дилхоҳ ба бор меоранд. Зеро таъмин намудани рушди ояндаи давлат ба масъалае робитаи мустаҳкам дорад, ки мо дар кадом сатҳ насли босаводу худогоҳ ва соҳибмаърифату ватандӯстро тарбия карда, ба воя мерасонем.

Пешвои муаззами миллат дар суханрониашон дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил (01.09.2016) таъкид доштанд, ки дар тарбияи насли оянда ва ба воя расондани нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар нақши омӯзгор ниҳоят бузург мебошад. Аз ин баҳои баланди Сарвари давлат кормандони муассисаҳои таълимии вилоят руҳбаланд гардида, дар мақоми шукргузорию саодат ҷиҳати иҷрои рисолати таърихии худ азму талоши зиёд доранд.

Як рукни муҳими фаъолияти ҳамарӯзаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ғамхорӣ дар ҳаққи аҳли маориф ва таъмини кору пайкори босамари онҳо маҳсуб мегардад. Бо ин мақсад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят туфайли ба тасвиб расонидани як зумра санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ меҳнати фидокоронаи кормандони соҳаро шоиста қадр намуда, онҳоро ба саъю талоши арзанда барои натиҷаҳои назарраси фаъолият раҳнамун месозад.

Шоистаи зикр аст, ки дар радифи мураббиёну омӯзгорон шогирдони сазовори онҳо аз имтиёзу ғамхориҳо мунтазам баҳравар мегарданд. Аз ҷумла, беҳтарин шогирдони муассисаҳои таълимӣ, ки дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ комёб мегарданд, бо мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои арзанда сарфароз мешаванд.

Аҳли маорифи вилоятро бо фарорасии Рӯзи дониш ва оғози соли нави хониш самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, бурдборӣ, рӯзгори шоиста ва дар иҷрои рисолати наҷибашон – тарбияи сазовори насли ояндасоз равнақу барорҳои нав ба нав орзумандам.

Ид муборак, омӯзгорону хонандагони арҷманд!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи дониш