Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

«Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат» - баргузории мизи мудаввар бо иштироки фаъолзанони вилоятҳои Суғду Бадахшон

( 2 Овоз )

Санаи 25 августи соли 2017 дар доираи Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят бо иштироки фаъолзанони вилояти Суғд ва ВМКБ дар мавзӯи «Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат» мизи мудаввар баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Олуфта Бодурӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва зиёда аз 120 нафар занону духтарон бо шумули мудирони шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оила вамуовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Суғд, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ҷавондухтарон ва аъзои Шӯрои духтарон иштирок доштанд.

Мизи мудавварро муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид ва сипасмушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Олуфта Бодурӣ доир ба мавзӯи чорабинӣ андешаҳои худро баён намуд.

Сипас, дар мизи мудаввар тариқи монитор ба иштирокчиён оид ба пешравию муваффақиятҳои занони барӯманди вилояти Суғд филми кӯтоҳ намоиш дода шуд. Ҳамчунин дар рафти мизи мудаввар аз ҷониби намояндагони ин ду вилоят – мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ВМКБ Абдураҳмонова Подшохоним, муовини аввали Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Мавҷуда Бобоева, номзади илмҳои фалсафа ва сиёсатшиносӣ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Назархудоева Лола, номзади илмҳои филология, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Алихонова Сайёра, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Умеда Ғаффорова, номзади илмҳои филология, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Шоҳфақирова Рушонгул ва сардори Раёсати захираҳои меҳнатии ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имонинтернейшнл» Фирӯза Набиева маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа гардид.

Дар интиҳои мизи мудаввар аз ҷониби ҷавондухтарони вилояти Суғд композитсияи адабӣ – мусиқӣ намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат» - баргузории мизи мудаввар бо иштироки фаъолзанони вилоятҳои Суғду Бадахшон