Хабарҳо
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд - 17.11.2017 16:25
Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» ва тақдими туҳфаҳои идона ба 160 нафар ятими кулл - 17.11.2017 14:09
Китоби “Пешвои миллат ва сиёсати забон” муаррифӣ шуд - 17.11.2017 12:44
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:41
Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:40
Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлати навини тоҷикон - 17.11.2017 11:16
Конибодом. Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 17.11.2017 11:10
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар шаҳри Исфара чорабинӣ доир шуд - 17.11.2017 11:06
Таҷлили 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт - 17.11.2017 11:05
Мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол - 16.11.2017 11:39

Спитамен: Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби Акрам” ба истифода дода мешавад

( 0 Овоз )

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен соҳибкорони маҳаллӣ дар амалҳои бунёдкорӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллӣ иттилоъ доданд, бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Олимҷон Юлдошев ба ифтихори ҷашнҳои 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави муассисаи таълимии хусусии “Мактаби Акрам” — бунёд гардида, он дар арафаи соли хониши нави 2017-2018 ба истифода дода мешавад.

Соҳибкори маҳаллӣ ин бинои таълимгоҳро, ки воқеъ дар маркази деҳаи Саидқалъаи (собиқ Саидқўрғон) Ҷамоати деҳоти Истиқлол аст ва барои 240 нафар хонанда пешбинӣ мешавад, бо таҷҳизоти    навтарин муҷаҳҳазонида, барои дар сатҳи баланд ва меъёрҳои байналмилалӣ бо дониш мусаллаҳ намудани шогирдон омўзгорони ботаҷрибаро аз маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд ба кор даъват намудааст.

Мактаби нав дорои 12 синфхона, як синфхонаи компутерӣ мебошад. Хонандагон ба синфҳои I-ХI фаро гирифта шуда, таҳсил шартномавӣ аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Спитамен: Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби Акрам” ба истифода дода мешавад