Хабарҳо
Дар 5-умин Бозиҳои Осиё 39 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок доранд - 19.09.2017 15:24
Спитамен. Баргузории мулоқотҳо ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 19.09.2017 10:08
23 сентбяр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад - 19.09.2017 10:05
Суҳбат атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2017 10:00
Аз санаи 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодом Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мешавад - 19.09.2017 09:26
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш - 19.09.2017 08:41
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ - 18.09.2017 08:38
Баргузории семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017 – 2020” - 15.09.2017 13:45
Боздиди намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд - 15.09.2017 13:14
«Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!» — ҷаласаи корӣ дар Гулистон - 15.09.2017 13:07

Барномаи муштараки фарҳангии ҳунармандони Суғду Бадахшон

( 1 Овоз )

Шоми ҷумъаи 25 августи соли 2017 дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” барномаи калони идона бахшида ба “Соли ҷавонон” баргузор шуд.

Дар барномаи фарҳангӣ, ки таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” ҷараён гирифт, теъдоди зиёди ҷавонони вилояти Суғд ва иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд ҳузур доштанд.

Аҳли санъату ҳунари вилояти Суғд ва ВМКБ барои иштирокдорони чорабинӣ барномаи ҷолиби консертӣ намоиш доданд. Сарояндагон дар ин шом сурудҳоеро, ки тараннумгари сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату соҳибистиқлолии Ватани соҳибистиқлол буд, замзама намуданд.

Дар барномаи муштараки фарҳангӣ роҳбарияти вилоятҳои Суғду Бадахшон низ иштирок намуданд.

Пас аз анҷоми барномаи муштараки фарҳангӣ мушакпарронии идона баргузор гардид ва бо ҳамин ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Барномаи муштараки фарҳангии ҳунармандони Суғду Бадахшон