Хабарҳо
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд - 17.11.2017 16:25
Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» ва тақдими туҳфаҳои идона ба 160 нафар ятими кулл - 17.11.2017 14:09
Китоби “Пешвои миллат ва сиёсати забон” муаррифӣ шуд - 17.11.2017 12:44
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:41
Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:40
Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлати навини тоҷикон - 17.11.2017 11:16
Конибодом. Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 17.11.2017 11:10
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар шаҳри Исфара чорабинӣ доир шуд - 17.11.2017 11:06
Таҷлили 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт - 17.11.2017 11:05
Мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол - 16.11.2017 11:39

Боздиди роҳбарияти ВМКБ аз шаҳраки Сайҳун

( 0 Овоз )

Санаи 25 августи соли 2017 дар доираи баргузории Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд Раиси вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва ҳамроҳонаш ба шаҳраки тозабунёди Сайҳун ташриф оварданд.

Меҳмононро муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода,  муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки давоми чанд соли охир бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дашти Сомғор ба азхудкунии заминҳо оғоз бахшида шуда, аллакай дар марҳилаи аввал зиёда аз 1,5 ҳазор гектар боғи нав бунёд ва беш аз 7,5 ҳазор нафар эҳтиёҷмандон бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд. Имрӯзҳо аз ҷониби сокинон бунёди хонаҳои истиқоматӣ босуръат ҷараён дорад. Ҷиҳати таъмин намудани шаҳрак ва майдони боғот бо оби полезӣ аз дарёи Сир об бароварда шудааст. Ҳамаи боғҳо бо усули обёрии қатрагӣ обёрӣ карда мешавад. Ниҳолҳои 2 сол қабл шинонидаи ин майдон аллакай ба ҳосилдиҳӣ шурӯъ намуда, ҳосили дилхоҳ ба бор меорад.

Раиси вилояти Мухтори Куҳситони Бадахшон бунёди шаҳрак ва азхудкунии заминҳои бекорхобидаро иқдоми бузург унвон карда, таъкид дошт, ки минбаъд ин ташаббус боиси таъмини шаҳрвандон бо манзили зист ва ҳамзамон ҷойи корӣ мегардад. Бояд қайд кард, ки шаҳраки мазкур барои 250 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шуда, майдони боғот то ба 7 ҳазор гектар расонида хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Боздиди роҳбарияти ВМКБ аз шаҳраки Сайҳун