Хабарҳо
Дар 5-умин Бозиҳои Осиё 39 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок доранд - 19.09.2017 15:24
Спитамен. Баргузории мулоқотҳо ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 19.09.2017 10:08
23 сентбяр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад - 19.09.2017 10:05
Суҳбат атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2017 10:00
Аз санаи 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодом Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мешавад - 19.09.2017 09:26
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш - 19.09.2017 08:41
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ - 18.09.2017 08:38
Баргузории семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017 – 2020” - 15.09.2017 13:45
Боздиди намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд - 15.09.2017 13:14
«Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!» — ҷаласаи корӣ дар Гулистон - 15.09.2017 13:07

Иштироки роҳбарият ва меҳмонони ВМКБ дар намоиш-фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва косибону ҳунармандони вилояти Суғд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Санаи 25 августи соли 2017 дар доираи баргузории Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд дар даромадгоҳи Кохии фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакии маркази вилоят намоиш-фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва косибону ҳунармандони вилояти Суғд  баргузор карда шуд.

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва дигар ҳайати меҳмонон аз ин намоишгоҳ боздид ба амал оварданд. Меҳмононро муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода,  муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Ҳангоми шиносоӣ бо маҳсулоти саноатчиёни вилояти Суғд маълумот дода шуд, ки дар намоишгоҳ 60 корхона ва косибону ҳунармандон маҳсулоти тайёри худро баҳри сокинони ВМКБ бо нархҳои 20 дарсад арзон пешниҳод намудаанд. Дар намоишгоҳ асосан маҳсулоти тайёри шириву гӯштӣ, обҳои ташнашикан, навъҳои гуногуни хушкмева, нассоҷӣ, матоъҳои адрасу атлас ва ғайра пешниҳод шуд. Таъкид гардид, ки дар вилояти Суғд ба пешрафти соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҳамасола маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ зиёд мегардад. Ба 5,1 миллирд сомонӣ баробар шудани маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилояти Суғд давоми 7 моҳи соли ҷорӣ худ тасдиқи ин гуфтаҳо мебошад.

Ҳамчунин дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ  таваҷҷуҳи хоса равона гардида, бо таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ шумораи зиёди занону бонувон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб карда мешаванд. Дар намоишгоҳ ҳунармандони вилояти Суғд маҳсулоти омодасохтаи худро пешкаши меҳмонон намуданд.

Зимни шиносоӣ Раиси вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба пешрафти соҳаи саноати вилояти Суғд ва эҳёву рушди ҳунарҳои халқӣ баҳои баланд дода, ҳамаи онро самараи ваҳдати миллӣ ва амалишавии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Иштироки роҳбарият ва меҳмонони ВМКБ дар намоиш-фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва косибону ҳунармандони вилояти Суғд