Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Ба ҳунарманде, ки 200 нафар шогирд тайёр мекунад, 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад

( 0 Овоз )

Ҳар ҳунарманде, ки ба шогирдон ҳунарҳои мардумӣ меомӯзонад ва шогирдонаш соҳиби шаҳодатномаи касбии мақомоти шуғли аҳолии вилоят мегарданд, бо мукофотпулии яквақта қадрдонӣ карда мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 21 августи соли 2017, №399 ба тасвиб расид.

Тадбири мазкур бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон, ба ҷойи корӣ таъмин намудани онҳо ва арҷгузорӣ ба меҳнати ҳунармандон амалӣ мешавад.

Ба ҳунармандон барои тайёр намудани 200 нафар шогирд 50 ҳазор сомонӣ, барои тайёр намудани 150 нафар шогирд 30 ҳазор сомонӣ, барои тайёр намудани 100 нафар шогирд 20 ҳазор сомонӣ, барои тайёр намудани 50 нафар шогирд 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба ҳунарманде, ки 200 нафар шогирд тайёр мекунад, 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад