Хабарҳо
Иштироки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда» - 22.11.2017 10:07
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун доир мешавад - 21.11.2017 15:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 21.11.2017 13:25
Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 21.11.2017 11:47
Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" насиби Нилуфар Тоҷибоева шуд - 21.11.2017 11:46
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2017 19:30
Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” - 18.11.2017 15:06
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25

Консерти муштараки санъаткорони ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Мурғоб ва шаҳри Исфара

( 0 Овоз )

Санаи 23 август иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд, намояндагони ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Мурғоб таҳти сарварии муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Абдулназар Абдулназарзода ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.

Дар даромадгоҳи шаҳр меҳмононро раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва сокинони шаҳр гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд сараввал дар Боғи фарҳангию фароғатии маркази шаҳр дар зери муҷассамаи шоири маъруфи тоҷик Сайфи Исфарангӣ гулу гулдастаҳо гузошта, гулбоғи ҳамноми шоирро тамошо карданд.

Тибқи барномаи ҳафтаи фарҳангӣ меҳмонони бадахшонӣ дар шаҳри Исфара аз ҶДММ “Файзи Навгилем”, корхонаи “Баракат”, варзишгоҳи маркази шаҳр, майдони ба номи Исмоили Сомонӣ ва осоишгоҳи “Зумрад” боздид намуданд.

Сипас, дар Кохи фарҳанги шаҳр бо иштироки санъаткорони ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Мурғоб ва ҳунармандони шаҳри Исфара барномаи муштараки фарҳангӣ баргузор гардид.

Шаҳрдори Исфара Дилшод Расулзода ҳамзамон бо хайрамақдамгӯйии меҳмонон ташкилу баргузории Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар вилояти Суғдро тадбири арзишманде арзёбӣ намуд, ки натанҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти мардум, балки дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа, балки ҳамчунон тақвиятбахшии риштаи дӯстӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми тоҷик нақши муассир хоҳад дошт.

Бино бар суханони ширкатдорони маҳфил таассуроти мардуми Исфара аз тамошои барномаҳои намоишӣ ва ҳунарии фарҳангиёни навоҳии Рӯшон, Ванҷу Мурғоб неку бебозгашт аст.

Аз ҷониби дигар аҳли фарҳанги Бадахшон изҳор доштанд, ки барои онҳо низ тамошои мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳри Исфара, инчунин тариқи меҳмоннавозии мардуми он хушоянд буд ва ҳар яки онон аз Исфара хотираҳои нек бо худ мебаранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Консерти муштараки санъаткорони ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Мурғоб ва шаҳри Исфара