Хабарҳо
Иштироки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда» - 22.11.2017 10:07
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун доир мешавад - 21.11.2017 15:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 21.11.2017 13:25
Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 21.11.2017 11:47
Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" насиби Нилуфар Тоҷибоева шуд - 21.11.2017 11:46
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2017 19:30
Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” - 18.11.2017 15:06
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25

Мулоқоту вохӯриҳои аҳли фарҳанги ВМКБ бо сокинони шаҳри Конибодом

( 0 Овоз )

Дар доираи Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд як гуруҳи калони меҳмонон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд.

Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳри Конибодом роҳбарияти шаҳр,  роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва аҳли фарҳанг бо гулу гулдаста ва нону ширинӣ пешвоз гирифтанд.

Баъди маросими истиқбол меҳмонон дар ду гуруҳ дар чорабиниҳо ширкат варзиданд. Дар маҳфили муштараки ҷавонони Бадахшон ва Конибодом, ки дар тарабхонаи «Олимиён» баргузор шуд, нахуст меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои дастии ҷавонони шаҳр дидан карда, ба ҳунари ҷавонон баҳои баланд доданд. Баъдан бо иштироки меҳмонон мулоқот баргузор шуд.

Дидору мулоқоти адибони ВМКБ ва Конибодом ба маҳфили адаб ва  ҳунари суханварӣ табдил ёфт. Сарвари коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом Ҳалимҷон Зоиров адибону рӯзноманигорони бадахшониро хайрамақдам гуфт ва изҳор дошт, ки маҳфили мазкур бо мақсади шиносии адибони Конибодому ВМКБ баргузор мешавад.

Дар маҳфил адибон дар васфи Ватан, дӯстӣ, сулҳу ваҳдат шеърҳои нави худро  қироат карданд. Ҳунармандони машҳури ВМКБ ва санъаткорони шаҳри Конибодом хотири иштирокчиёни маҳфилро бо  сурудҳои диловез шод гардонданд.

Сипас фарҳангиёни ВМКБ дар нимаи дуюми рӯз намоишномаи театрии худро дар Кохи фарҳанги шаҳри Конибодом ба намоиш гузоштанд, ки онро ҳаводорони санъат хуш пазируфтанд.

Меҳмонон дар идомаи сафар аз осорхонаи таърихию кишваршиносии ба номи Мирраҷаб Додхоҳ ва дигар мавзеъҳои таърихии Конибодом дидан карда, бо мардум мулоқотҳо доир намуданд.

Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар шаҳри Конибодом басо самимиву хотирмон ва барои ҳарду ҷониб судманд анҷом ёфта, барои дӯстиву ҳамдилӣ ва садоқат миёни мардуми Суғд ва ВМКБ заминаи мусоид фароҳам овард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоту вохӯриҳои аҳли фарҳанги ВМКБ бо сокинони шаҳри Конибодом