Хабарҳо
Иштироки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда» - 22.11.2017 10:07
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун доир мешавад - 21.11.2017 15:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 21.11.2017 13:25
Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 21.11.2017 11:47
Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" насиби Нилуфар Тоҷибоева шуд - 21.11.2017 11:46
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2017 19:30
Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” - 18.11.2017 15:06
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25

Маъракаҳои ақиқа, ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ ва шаҳтоз манъ карда мешаванд

( 0 Овоз )

Тибқи тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 23 августи соли 2017  дар иҷлосияи дуюми ғайринавбатии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул гардид, минбаъд дар Тоҷикистон гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бидуни забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода шуда, гузаронидани маъракаи ақиқа манъ карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи қонуни мазкурро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ барои баррасӣ ва қабул ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намудаанд.

Инчунин тибқи тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни зикршуда минбаъд сокинони Тоҷикистон дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон дар оростани дастурхони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ ва худнамоӣ роҳ надода, имкон доранд хони идонаи маънавии хоксорона ороянд. Ҳамзамон минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бидуни хизматрасонии овозхонҳо гузаронида шуда, хатнаи кӯдак бо розигии волидайн аз санаи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ин маврид таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон омӯхта шудааст.

Вобаста ба қабули тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода,, раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода ва директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дар назди вакилон сухан гуфтанд.

Ҳамчунин тибқи тағйиру иловаҳо ба қонун ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, ҳуқуқ дода мешавад, ки  бо  иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд. Дар радифи дигар маъракаҳои манъшуда, дар Тоҷикистон минбаъд гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ ва шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони ҷумҳурӣ ҳангоми вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоати мамлакат ба муносибати 10-солагии қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли 2017 доир  гардида буд, таҳия гардидаанд. Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳу сифати рӯзгор ва вазъи иҷтимоии  сокинони мамлакат, инчунин роҳ надодан ба зиёдаравӣ, худнамоӣ ва исрофкорӣ мебошад, ки дини мубини Ислом низ онро инкор менамояд.

Дар ин бора Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон Ховар хабар медиҳад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Маъракаҳои ақиқа, ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ ва шаҳтоз манъ карда мешаванд