Хабарҳо
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо кормандони соҳаи маориф - 23.02.2018 16:18
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.02.2018 14:40
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” - 23.02.2018 13:53
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ - 22.02.2018 09:57
Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расонданд - 22.02.2018 11:51
Конибодом. Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд - 22.02.2018 14:49
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.02.2018 14:59
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо интихобкунандагон - 22.02.2018 14:10
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 22.02.2018 13:53
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова - 22.02.2018 11:30

Иди саиди Қурбон 1 сентябр таҷлил мешавад

( 0 Овоз )

Иди саиди Қурбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусалмонӣ 1 сентябри соли равон таҷлил мегардад. Вобаста ба ин, Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, қарор қабул намуд. Зикр шуд, ки 1 сентябр соати 6:30-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди саиди Қурбон баргузор мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, санаи таҷлили иди саиди Қурбон мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид.

Дар ҷаласа ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ дастур дода шуд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳо- сулҳу оромӣ, хайру кумак ба ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишварамон- Тоҷикистон, инчунин худдорӣ намудан аз зиёдаравиҳо дар мавриди оростани дастархони идона сухан кунанд.

Ёдовар бояд шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 август дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Вахш дар мавриди  Иди саиди Қурбон сухан карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки «қурбонӣ кардан яке аз суннатҳои ин ид мебошад, вале набояд фаромӯш кард, ки тибқи аҳкоми шариат ва фатвои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ иҷрои ин амал танҳо ба шахсоне дуруст аст, ки шароити хуби зиндагӣ ва имконияти кофии молиявӣ доранд. Ба шахсоне, ки дар рӯзгорашон мушкилот доранд, серфарзанд ҳастанд, ё сарпарастии чандин нафари дигарро ба уҳда доранд, қурбонӣ кардан ва хайру садақа додан дуруст нест».

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Иди саиди Қурбон 1 сентябр таҷлил мешавад