Хабарҳо
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд - 17.11.2017 16:25
Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» ва тақдими туҳфаҳои идона ба 160 нафар ятими кулл - 17.11.2017 14:09
Китоби “Пешвои миллат ва сиёсати забон” муаррифӣ шуд - 17.11.2017 12:44
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:41
Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:40
Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлати навини тоҷикон - 17.11.2017 11:16
Конибодом. Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 17.11.2017 11:10
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар шаҳри Исфара чорабинӣ доир шуд - 17.11.2017 11:06
Таҷлили 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт - 17.11.2017 11:05
Мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол - 16.11.2017 11:39

Дар доираи ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар шаҳри Панҷакент чорабиниҳои гуногун баргузор шуд

( 0 Овоз )

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими дӯстиву ваҳдат ва ҳуввияти ватандӯстии сокинони мамлакат санаи 21 августи соли равон гурӯҳи калони иштирокчиёни  ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.

Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аҳли фарҳанг бо гулу гулдаста, нону ширинӣ ва зери садои марғуладори сурнаю карнай пешвоз гирифтанд.

Баъди маросими ботантанаи истиқбол меҳмонон ба зодгоҳи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ омада, мақбараи шоирро зиёрат карданд . Ба фарҳангиёни бадахшонӣ тамошои  маҷмааи фарҳангии назди мақбара,  намунаҳои осори шоир  ва аксу мусаввараҳо шодибахшу хотирмон буд.

Барномаи рӯзи дуюми сафари фарҳангиёни бадахшонӣ ба Панҷакент аз намоишномаи театрии санъаткорони вилоят дар Кохи фарҳанги Панҷакент оғоз ёфт, ки онро ҳаводорони санъат хуш пазируфтанд.

Дар маҳфили муштараки ҷавонон Бадахшон ва Панҷакент, ки дар толори хурди Кохи фарҳанги шаҳр баргузор шуд, сухан аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар, самимияту сипосгузорӣ ҷиҳати эълон кардани Соли ҷавонон, нақши ҷавонон дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ рафт.

Дидору мулоқоти адибони ВМКБ ва Панҷакент, ки дар толори МТМУ №71 баргузор шуд, ба маҳфили адаб ва  ҳунари суханварӣ табдил ёфт. Муовини раиси шаҳри Панҷакент З.Азимӣ адибону рӯзноманигорони бадахшониро ба диёри устоди шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хайрамақдам гуфт ва изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории маҳфил шиносоию  ошноии наздиктар аз адибони  Бадахшону Зарафшон аст. Адибони Зарафшону Бадахшон бо эҷодиёти бою рангоранг- шеъру достон, қиссаю ҳикояҳои худ дар рушди  адабиёти имрӯзаи тоҷик саҳми намоён мегузоранд. Дар асарҳои адибон ва навиштаҳои рӯзноманигорон дастовардҳои Тоҷикистони азизамон, ғояҳои бузурги сулҳу ваҳдат, дӯстию бародарии халқҳои кишварамон, тасвири идеалҳои олии ҷасурию мардонагӣ, матонату фитрати азалии тоҷикон   мақоми асосӣ  ва рангу бӯи хоса доранд.

Раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ВМКБ Лаълҷубаи Мирзоҳасан ба мардуми Панҷакент барои пазироии гарму ҷӯшон изҳори сипос кард. ӯ гуфт, ки аз хоки Зарафшон Одамушшуаро устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бархостаанд ва аз пушти килкашон шеър фаввора зад  ва ба ҷаҳониён мактабхонаи панду ҳикмат гардид.  Мо фахр мекунем, ки  вилояти Суғд адибоне чун устод Лоиқ Шералӣ, Фарзона ва Озарахшро ба майдони адабиёти тоҷик овардааст.

Котиби масъули бахши панҷакентии иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Давлатшоҳи Тоҳирӣ сухани шодбошӣ гуфт.Шоирон Саодати Саидаъзам, Абдураҳмони Сулаймон, Исмоил Зарифӣ, Шаҳодат, Бобаки Суғдӣ дар васфи Ватан, дӯстӣ, сулҳу ваҳдат шеърҳои нави худро  қироат карданд. Ҳунармандони машҳури ВМКБ ва шаҳри Панҷакент хотири иштирокчиёни маҳфилро бо савту сурудҳои диловез шод гардонданд.

Меҳмонон аз хона- музейи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар зодгоҳи шоир деҳаи Мазори Шариф, ҳафриёти Саразми 5500 сола, ки ба Феҳристи мероси ёдгории умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил аст, музейи таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар мавзеъҳои зебою таърихии Панҷакент дидан карданд ва бо мардум  мулоқотҳо доир намуданд.

Бегоҳирӯзӣ тамошобинони сершумор дар майдони Истиқлоли шаҳри Панҷакент барномаи бою рангини санъаткорони Бадахшонро  бо шавқу рағбати зиёд тамошо карданд.

Шомгоҳон дар боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Камоли Хуҷандии шаҳр шоми дӯстӣ баргузор шуд. Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, раиси кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ВМКБ Ҷонибеки Қозибек дар назди ҳозирин суханҳои шодбошӣ гуфтанд. Мизбонону  меҳмонон ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳадя намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар доираи ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар шаҳри Панҷакент чорабиниҳои гуногун баргузор шуд