Хабарҳо
Заметки по поводу конференции Исламской партии Таджикистана в Дортмунде - 20.07.2018 23:23
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон! - 20.07.2018 15:42
Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2018 - 20.07.2018 15:22
Мулоқоти Маҳмадсаид Шоҳиён бо фаъолони шаҳри Бӯстон - 20.07.2018 13:30
ТӮЙЕ, КИ БА МОТАМ ТАБДИЛ ЁФТ (Қайдҳо дар бораи конфронси ТТЭ наҳзати ислом дар Дортмунд) - 20.07.2018 11:34
Варзишгарони вилояти Суғд дар мусобиқоти байналмилалӣ сазовори 14 медали тилло, 10 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ гардиданд - 20.07.2018 10:28
Суғд: Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ ба андозаи 107,0 фоиз таъмин гардид - 20.07.2018 10:09
Ба ғолибони Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ дар маҷмӯъ 60 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 20.07.2018 09:41
Оғози мумфаршкунии кӯчаи ба номи Усмон Қосимов ва гузоштани санги асос ба бунёди зеристгоҳи барқии "Темурмалик" дар шаҳри Хуҷанд - 19.07.2018 18:56
Вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 19.07.2018 15:33

Исфара. Ба 28 нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ ҳадя гардид

( 0 Овоз )

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии оилаҳои ниёзманд ва камбизоат, бо иқдоми кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, фаъолони ҳизб, вакилони маҷлиси шаҳрӣ, раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатū дар арафаи «Рузи дониш» аксияи хайриявӣ таҳти унвони «Роҳ ба сӯи мактаб» доир гардид.

Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ хонандагон ва волидонро бо фарорасии Иди бузурги миллӣ - 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли хониши нави 2017-2018 самимона шодбош намуда, таъкид дошт, ки ҳамасола аз буҷети давлатӣ барои ятимону бепарасторон ҷуброн ва кумакпулӣ ҷудо карда мешавад. Дастгирии ниёзмандон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва соҳибкорону саховатпешагон низ ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар ҷараёни баргузории аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб» барои дастгирии кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва ятимон аз тарафи раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ , раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Исфара Бурҳонбек Асадуллоев, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ ва вакилони маҷлиси шаҳрӣ ба 28 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, ки хонандагони мактабҳои шаҳру деҳот мебошанд, либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш ҳадя гардид.

Дӯстрӯякон ва волидони онҳо аз ин иқдоми наҷибонаи фаъолони ҳизб шоду масрур гардида, арзу сипоси самимии хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Исфара. Ба 28 нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ ҳадя гардид