Хабарҳо
Дар 5-умин Бозиҳои Осиё 39 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок доранд - 19.09.2017 15:24
Спитамен. Баргузории мулоқотҳо ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 19.09.2017 10:08
23 сентбяр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад - 19.09.2017 10:05
Суҳбат атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2017 10:00
Аз санаи 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодом Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мешавад - 19.09.2017 09:26
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш - 19.09.2017 08:41
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ - 18.09.2017 08:38
Баргузории семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017 – 2020” - 15.09.2017 13:45
Боздиди намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд - 15.09.2017 13:14
«Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!» — ҷаласаи корӣ дар Гулистон - 15.09.2017 13:07

Таасуроти иштирокчиёни ҳафтаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Тавре ки иттилоъ дода будем, Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд 21 августи соли равон оғоз гардид. Меҳмононро дар даромадгоҳи нақби «Истиқлол»-и ноҳияи Айнӣ муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо, муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва намояндагони шаҳру навоҳии вилоят бо гулу гулдаста, карнаю сурнай ва нону ширинӣ пешвоз гирифтанд.

Сипас, меҳмонон ба деҳаи Зоосуни ноҳияи Айнӣ раҳсипор гардида, дар пояи Муҷассамаи шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гулчамбар гузошта, аз Хона - мӯзейи ин шоири номдор дидан намуданд ва таассуроти хешро баён намуданд.

Азима Шодмонбекова – хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6-уми шаҳри Хоруғ:

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дода буданд, ки дар соли 2017-ум Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд баргузор карда шавад. Хушбахтона, ин супориш амалӣ гардид ва имрӯз зиёда аз 800 нафар намояндагони касбу кори гуногун аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вориди вилояти Суғд гардидем.

Дар роҳ мо мушоҳида намудем, ки давоми соҳибистиқлолии кишвар - Тоҷикистони азизи мо хеле зебову обод гардидааст. Роҳҳои обод, нақбҳо, иншоотҳои замонавӣ ва дигар ободкориҳое, ки мо дар роҳ дидем, бори дигар аз оромиву осудагӣ ва тараққиёт дар Тоҷикистони азизи мо гувоҳӣ медиҳанд.

Хурсандиовар он аст, ки бори аввал ба ноҳияи Айнӣ ташриф овардам ва аз Муҷассамаи шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва Хона - мӯзейи ин шоири оташинсухан дидан намудам, ки хеле писандам омад. Он дар сатҳи баланд сохта шуда, дар он нақшу нигори миллӣ таҷассум ёфтааст. Бо ҳаёт ва рӯзгори гузаштаи ин шоири маъруф аз наздик шинос шуда, таассуроти зиёде бардоштам 

Таҳмина Назархудоева –сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, донишҷӯӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров:

- Мо имрӯз хеле хурсанд ҳастем, ки дар чунин як чорабинии бошукӯҳ иштирок дорем ва дар ин сафар мо аз мавзеъҳои таърихии ноҳияи Айнӣ дидан кардем.  Аз ҷумла муҷассамаи шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва Хона - мӯзейи ин шоири шинохтаи тоҷик таассуроти бой бахшиданд. Мардуми ин минтақа меҳмондӯсту меҳмоннавоз, моро хеле хуб пешвоз гирифтанд. Мо, мардуми Бадахшон миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат мерасонем, ки чунин як рӯзҳои фарҳангиро эҳё карданд, мо бо ин васила тавонистем, байни ҳамдигар дӯстиву рафоқат пайдо намоем, аз суханони ҳамдигар илҳоми тоза гирем. Чунонки мегӯянд, меҳр дар чашм аст.

Сипас, аз тарафи аҳли фарҳанги вилояти Суғд дар Қасри фарҳанги навбунёди ноҳияи Айнӣ барномаи басо рангини фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони «Хуш омадед, меҳмонони Бадахшон» баргузор гардид. Пеш аз оғози чорабинӣ муовини якуми Раиси вилояти Суғд  Раҳматзода Рустам Мирзо ва муовини якуми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нуралӣ Риоев баромад намуда таъкид доштанд, ки мақсад аз ташкили чунин як чорабинӣ ин боз ҳам мустаҳкам сохтани риштаҳои дӯстӣ миёни сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Барномаи фарҳангие, ки пешкаши ҳозирин карда шуд, аз шеъру таронаҳои дилнишин, рақсҳои ҷолиб ва саҳнаҳои дилхушкунанда иборат буд ва дӯстии минтақаҳои кишварро тараннум менамуд.

Ника Баранова – омӯзгор аз ноҳияи Ишкошим:

-Мақсади асосии ташрифи мо дар он аст, ки дӯстиву рафоқати байни вилояти Суғд ва  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боз ҳам мустаҳкам гардида, дар оянда боз рафтуомади мардуми  ин вилоятҳо зиёд шавад. Мо аз қабул ва меҳмоннавозии мардуми ноҳияи Айнӣ  ва умуман вилояти Суғд хеле хушнудем ва миннатдории худро ба мардуми Суғдзамини бостонӣ мерасонем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таасуроти иштирокчиёни ҳафтаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғд