Хабарҳо
Заметки по поводу конференции Исламской партии Таджикистана в Дортмунде - 20.07.2018 23:23
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон! - 20.07.2018 15:42
Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2018 - 20.07.2018 15:22
Мулоқоти Маҳмадсаид Шоҳиён бо фаъолони шаҳри Бӯстон - 20.07.2018 13:30
ТӮЙЕ, КИ БА МОТАМ ТАБДИЛ ЁФТ (Қайдҳо дар бораи конфронси ТТЭ наҳзати ислом дар Дортмунд) - 20.07.2018 11:34
Варзишгарони вилояти Суғд дар мусобиқоти байналмилалӣ сазовори 14 медали тилло, 10 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ гардиданд - 20.07.2018 10:28
Суғд: Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ ба андозаи 107,0 фоиз таъмин гардид - 20.07.2018 10:09
Ба ғолибони Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ дар маҷмӯъ 60 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 20.07.2018 09:41
Оғози мумфаршкунии кӯчаи ба номи Усмон Қосимов ва гузоштани санги асос ба бунёди зеристгоҳи барқии "Темурмалик" дар шаҳри Хуҷанд - 19.07.2018 18:56
Вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 19.07.2018 15:33

Боздиди меҳмонони ВМКБ аз МОИ “Суғд”, ДДХ ва Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”

( 0 Овоз )

Имрӯз, 22 августи соли 2017, иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос гардиданд.

Ҳайати меҳмононро роҳбарияти МОИ “Суғд” истиқбол намуданд ва сипас меҳмонон зимни боздид бо фаъолияти корхонаҳои гуногуни минтақаи озоди иқтисодӣ шинос шуданд.

Сипас меҳмонон-иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Меҳмонони ВМКБ-ро роҳбарияти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва устодону донишҷуёни ин муассисаи бузурги олии вилоят пешвоз гирифтанд.

Иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд дар ошёнаи якуми бинои №1-и донишгоҳ аз дастовардҳои илмӣ ва эҷодии устодону донишҷуёни ин боргоҳи маърифат ошноӣ пайдо намуданд. Ҳамзамон дар ҷараёни ташрифи хеш меҳмонон аз лабараторияи химия ва осорхонаи зоологияи факултети биология-химия, лабараторияи кафедраҳои физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт ва электроника, намоиши рассомон, наққошон, кандакорон, сарояндагон, навозандагон, дӯзандагон ва дигар дастовардҳои устодону донишҷӯёни факултетҳои санъат, санъати тасвирӣ ва технология дидан намуданд.

Нимаи дуюми рӯз меҳмонон ҳамчунин аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят ва коргоҳи “Дугонаҳо”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Боздиди меҳмонони ВМКБ аз МОИ “Суғд”, ДДХ ва Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”