Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Бо муҳаббату вафо ва савту навои пурнишот

( 1 Овоз )

Баргузор гардидани Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Суғдзамин аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ин тадбири маънавӣ ва маърифатӣ дар таҳкими дӯстиву бародарии минтақаҳои кишвари азизамон нерӯи наву тоза, ифтихору ҳуввияти ватандӯстӣ мебахшад.

Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд санаи 21 августи соли равон оғоз гардид. Меҳмононро дар даромадгоҳи нақби «Истиқлол»-и ноҳияи Айнӣ муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо, муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва намояндагони шаҳру навоҳии вилоят бо гулу гулдаста, карнаю сурнай ва нону ширинӣ пешвоз гирифтанд.

Ҳамчунин, баъди қабул, меҳмонон ба самти деҳаи Зоосуни ноҳияи Айнӣ раҳсипор гардиданд. Сипас, аз ҷониби меҳмонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пояи муҷассамаи шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гулчамбар гузошта, илова бар ин фарҳангчиёни бадахшонӣ аз Хона - мӯзейи ин шоири номдор дидан намуданд.

Сипас, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ барномаи фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони «Хуш омадед, меҳмонони Бадахшон» баргузор гардид. Баъди анҷоми барномаи фарҳангӣ меҳмонони бадахшонӣ ба чор шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Ҷаббор Расулов раҳсипор гардиданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд то 26 августи соли 2017 ҷараён мегирад ва дар он беш аз 850 нафар аҳли фарҳанг, илму ҳунар иштирок меварзанд.

Фарҳангчиёни ВМКБ дар ин Ҳафта аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии вилоят дидан намуда, инчунин ҳунару маҳорати худро баҳри сокинони вилоят намоиш медиҳанд.

Нодир Турсунзода,
Истамҷони НАҶМИДДИН

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бо муҳаббату вафо ва савту навои пурнишот