Хабарҳо
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд - 17.11.2017 16:25
Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» ва тақдими туҳфаҳои идона ба 160 нафар ятими кулл - 17.11.2017 14:09
Китоби “Пешвои миллат ва сиёсати забон” муаррифӣ шуд - 17.11.2017 12:44
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:41
Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:40
Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлати навини тоҷикон - 17.11.2017 11:16
Конибодом. Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 17.11.2017 11:10
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар шаҳри Исфара чорабинӣ доир шуд - 17.11.2017 11:06
Таҷлили 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт - 17.11.2017 11:05
Мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол - 16.11.2017 11:39

Барномаи рӯзи дуюми ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи душанбе, 21 август иштирикочиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд тибқи нақшаи тасдиқгардида ба шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов омаданд.

Тибқи барномаи ҳафтаи фарҳангӣ имрӯз, 22 август меҳмонони ВМКБ дар шаҳри Хуҷанд аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, маркази таълимӣ-истеҳсолии “Дугонаҳо” боздид менамоянд.

Гурӯҳи дуюми меҳмонон, ки дар шаҳри Панҷакент қарор доранд, дар маҳфили ҷавонон иштирок намуда, дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент намоишномаи театриро пешниҳоди сокинони Панҷакент менамоянд. Ҳамзамон, дар назар аст, ки меҳмонон аз Осорхонаи ҷумҳурияӣ-таърихӣ ва кишваршиносии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва мавзеи таърихии Саразм боздид намуда, дар маҳфили адибон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 шаҳр ва барномаи фарҳангӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ иштирок намоянд.

Гурӯҳи сеюми меҳмонон, ки дар шаҳри Истаравшан қарор доранд, дар маҳфили ҷавонон, инчунин маҳфили адибон иштирок намуда, намоишномаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии ноҳияи Ишкошимро пешниҳоди сокинони шаҳри Истаравшан мегардонанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки меҳмонон аз корхонаи қолинбофии ҳунарманд Абдуҷаббор Ҳамдамов, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, Литсейи касбии рақами 14, растаи оҳангарон, Маркази фарҳанги “Ҳушанг”, Маҷмааи Ҳазрати Шоҳ, Осорхонаи таърихӣ-кишаршиносӣ, ёдгории таърихии Сабристон, корхонаи “Оби зулол”боздид намоянд.

Бегоҳии ҳамин рӯз бо иштироки санъаткорони ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошим дар назди Маҷмааи Садбарги шаҳр барномаи фарҳангӣ баргузор мешавад.

Гурӯҳи чоруми меҳмонон, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор доранд, дар маҳфили ҷавонон, инчунин маҳфили адибон иштирок намуда, дар кохи фарҳанги Гулистони ноҳия намоиномаи театриро пешкаши сокинон менамоянд. Бегоҳии ҳамин рӯз аз ҷониби санъаткорони ноҳияҳои Рушон, Ванҷ ва Мурғоб дар кохи фарҳанги Гулистон барномаи фарҳангӣ пешниҳод мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Барномаи рӯзи дуюми ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд