Хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25
ПАЙВАНДОНИ ҲАЙДАР ҚОСИМОВ: “ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ” - 18.11.2017 21:23
Машварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 18.11.2017 17:35
Ифтитоҳи навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Суғд Пак” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 12:49
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ - 18.11.2017 11:39
Ифтитоҳи корхонаи дорусозии ҶДММ “Фарм Суғд” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 11:35
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаии ҶДММ «Элегант» - 18.11.2017 10:05
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд - 17.11.2017 16:25

“Хуш омадед, меҳмонони Бадахшон”. Оғози ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд

( 3 Овоз )

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 21 то 26-уми августи соли 2017 дар вилояти Суғд ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баргузор мешавад.

Нимаи якуми рӯзи душанбеи 21 август меҳмонон-иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ба вилоят ташриф оварданд. Меҳмонони ВМКБ-ро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва сокинони ноҳияи Айнӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ сараввал дар зери муҷассамаи шоири маъруфи тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гулу гулдастаҳо гузошта, мақбараи шоирро зиёрат намуданд.

Сипас барои меҳмонон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Хуш омадед, меҳмонони Бадахшон” манзур карда шуд. Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода кулли иштирокчиёни ҳафтаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғдро ба вилоят хайрамақдам гуфт. Дар навбати худ, муовини якуми Раиси ВМКБ Нуралӣ Риоев дар аснои суханронии худ аз истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки ҳамин ҳоло дар Қасри фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ ҷараён дорад.

Пас аз анҷоми барномаи фарҳангӣ беш аз 800 нафар меҳмонони ВМКБ дар ҳайати чор гурӯҳ аз ноҳияи Айнӣ ба шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф меоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




































































































































































Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд “Хуш омадед, меҳмонони Бадахшон”. Оғози ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд