Хабарҳо
Дар 5-умин Бозиҳои Осиё 39 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок доранд - 19.09.2017 15:24
Спитамен. Баргузории мулоқотҳо ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 19.09.2017 10:08
23 сентбяр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад - 19.09.2017 10:05
Суҳбат атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2017 10:00
Аз санаи 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодом Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мешавад - 19.09.2017 09:26
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш - 19.09.2017 08:41
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ - 18.09.2017 08:38
Баргузории семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017 – 2020” - 15.09.2017 13:45
Боздиди намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд - 15.09.2017 13:14
«Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!» — ҷаласаи корӣ дар Гулистон - 15.09.2017 13:07

Дар Хуҷанд китоби наве бо номи «Тоҷикшиноси бузург» ба нашр расид

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Хуҷанд аз тариқи нашриёти “Меъроҷ” китоби наве таҳти унвони «Тоҷикшиноси бузург» дар ҳаҷми 136 саҳифа аз чоп баромад.

Ин китоб феҳристи китобу осор ва мақолаҳои илмиву оммавии Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров, асарҳое, ки зери таҳрири ин олими номвар ба чоп расидааст, фаро гирифтааст.Дар канори ин дар китоб таълифоти роҷеъ ба ин шахсияти барҷастаи таърихи миллати мо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ иншогардида низ ҷой дода шудааст. Муаллиф ва мураттиби китоб номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аюбҷон Усмонов рўзгору осори академик Бобоҷон Ғафуровро бар асоси осори илмии таълифшуда мавриди таҳлил қарор дода, нахуст мулоҳизот ва андешаҳои арзишманди Пешвои миллатро бар асоси матолиби дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» оид ба корномаҳои сиёсиву илмиии ин алломаи бузурги миллати тоҷик шарҳу тафсир намудааст. Баъдан осори дигари дар бораи аллома Бобоҷон Ғафуров ба қаламомада таҳлилу баррасӣ шудаанд.

Китобнома ба таври умум осорномаи академик Бобоҷон Ғафуровро аз соли 1928 то соли 2012 фаро мегирад ва тўҳфаи арзандае ба ҷашни 110 солагии аллома Бобоҷон Ғафуров хоҳад буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд китоби наве бо номи «Тоҷикшиноси бузург» ба нашр расид