Хабарҳо
Дар 5-умин Бозиҳои Осиё 39 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок доранд - 19.09.2017 15:24
Спитамен. Баргузории мулоқотҳо ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 19.09.2017 10:08
23 сентбяр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад - 19.09.2017 10:05
Суҳбат атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2017 10:00
Аз санаи 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодом Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мешавад - 19.09.2017 09:26
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш - 19.09.2017 08:41
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ - 18.09.2017 08:38
Баргузории семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017 – 2020” - 15.09.2017 13:45
Боздиди намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд - 15.09.2017 13:14
«Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!» — ҷаласаи корӣ дар Гулистон - 15.09.2017 13:07

Семинари дастурдиҳӣ бо иштироки омӯзгорони пешқадам

( 0 Овоз )

Бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд ва филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд дар гимназияи рақами 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров семинари дастурдиҳӣ бо мудирони кабинетҳои методӣ, мушовирон, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ва омӯзгорони пешқадами соҳаи маориф баргузор гардид.

Директори филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд Муҳаммадҷон Исматдинов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, баргузории чунин чорабиниро дар баланд бардоштани савияи дониш, маҳорати педагогии омӯзгорон муфидарзёбӣ намуд.

Абдураҳим Қурбонов, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят, зимни баромади хеш аз дастовардҳои омӯзгорони вилоят дар ҷодаи таълиму тарбияи хонандагон, дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз устодони навовару масъулиятпеша, роҳҳои мақсаднок гузаронидани машғулиятҳо, омодагии омӯзгорон ба дарс, истифодаи васеи дастгоҳҳои аудиовизуалӣ сухан ронд.

Дар қисмати дуввуми семинар дар 33 бахшҳои планерӣ беш аз 400 нафар омӯзгорони вилоят бо ташкили дарсҳои устодони навовари ҳамаи фанҳо ошноӣ пайдо намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Семинари дастурдиҳӣ бо иштироки омӯзгорони пешқадам