Хабарҳо
Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст - 19.01.2018 12:50
Ба озмуни «Техникони наврас» беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷоди хонандагон пешниҳод шуд - 19.01.2018 11:31
Рӯзҳои 20 ва 21 январ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад - 19.01.2018 08:41
Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, тасдиқ гардид - 18.01.2018 22:11
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.01.2018 19:37
Дар Конибодом ситод оид ба назорати раванди яхобмонӣ таъсис дода шуд - 18.01.2018 09:12
Хонандагон дар таътили зимистона ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷалб шуданд - 18.01.2018 09:07
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59

Бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Санаи 9 сентябри соли 2017 дар қаламрави вилояти Суғд 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 16 августи соли 2017, №348 ба тасвиб расид.

Дар доираи таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили мусобиқаҳо ва бозиҳои оммавии варзишӣ, аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон, ятимон, оилаҳои камбизоат, сайру гаштҳои оммавӣ, барномаҳои фарҳангӣ, консерту намоишҳои ҳунарию эҷодӣ, ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, конференсияву семинарҳо дар мавзӯҳои ваҳдату ҳамгироӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ва дигар чорабиниҳо дар назар дошта шудааст.

Дар ҳошияи таҷлили иди Истиқлолияти давлатӣ ҳамзамон дар муассисаҳои олӣ ва таълимии вилоят конференсияҳои илмӣ-амалӣ дар мавзӯҳои “Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият”, “Истиқлолият - неъмати бебаҳост”,  “Дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар даврони Истиқлолияти кишвар” ва “Музаффарияти бузурги таърихии халқи тоҷик” гузаронида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад