Хабарҳо
Дар 5-умин Бозиҳои Осиё 39 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок доранд - 19.09.2017 15:24
Спитамен. Баргузории мулоқотҳо ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 19.09.2017 10:08
23 сентбяр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад - 19.09.2017 10:05
Суҳбат атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2017 10:00
Аз санаи 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодом Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мешавад - 19.09.2017 09:26
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш - 19.09.2017 08:41
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ - 18.09.2017 08:38
Баргузории семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017 – 2020” - 15.09.2017 13:45
Боздиди намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд - 15.09.2017 13:14
«Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!» — ҷаласаи корӣ дар Гулистон - 15.09.2017 13:07

Суғд: 37 корхонаи нав бо 371 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд давоми 7 моҳи сипаришудаи соли равон баҳри таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда як силсила тадбирҳои судманд андешида шуданд.

Ба иттилои Озифхон Шарифзода, мудири Шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 7 моҳ дар миқёси вилоят 37 корхонаву коргоҳҳои нав бо 371 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Корхонаҳои таъсисдодашуда асосан корхонаҳои соҳаҳои саноати масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва сабукро дарбар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда  мусоидат намуданд.

Ба иттилои манбаъ роҳандозии тадбирҳои мушаххас имкон дод, ки саҳми вилоят дар ташаккулёбии ҳаҷми маҳсулоти саноати мамлакат ба 50,4% баробар шавад, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин маҳсуб меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: 37 корхонаи нав бо 371 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд