Хабарҳо
Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст - 19.01.2018 12:50
Ба озмуни «Техникони наврас» беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷоди хонандагон пешниҳод шуд - 19.01.2018 11:31
Рӯзҳои 20 ва 21 январ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад - 19.01.2018 08:41
Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, тасдиқ гардид - 18.01.2018 22:11
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.01.2018 19:37
Дар Конибодом ситод оид ба назорати раванди яхобмонӣ таъсис дода шуд - 18.01.2018 09:12
Хонандагон дар таътили зимистона ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷалб шуданд - 18.01.2018 09:07
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59

Беш аз 100 нафар омӯзгорон ройгон ба истироҳат фаро гирифта шуданд

( 1 Овоз )

Беш аз сад нафар омӯзгорони навовару эҷодкоре, ки ба дастовардҳои назаррас дар соҳаи маориф ноил шудаанду шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ мақомҳои шоистаро касб кардаанд, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар истироҳатгоҳи “Шифо”-и шаҳри Гулистон ройгон ба истироҳату табобат ҷалб шуданд.

Рӯзи гузашта аз ҷониби Раёсати маорифи вилоят омӯзгорони пешқадам аёдат ва бо баргузории чорабинии фарҳангӣ хотири истироҳаткунандагон шод карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли сеюм аст, ки бо иқдоми бевоситаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар давраи таътили зимистона ва тобистонаи соли хониш сад нафарӣ устодони фаъол ба истироҳату табобат ҷалб карда мешаванд.

Дар баробари устодон шогирдон низ ба истироҳат ҷалб карда мешаванд. Тавре аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд, ҳамасола дар давраи таътили зимистона ва тобистона наздики 100 нафарӣ хонандагон ба  истироҳатгоҳи солимгардонии ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истироҳат фаро гирифта миешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Беш аз 100 нафар омӯзгорон ройгон ба истироҳат фаро гирифта шуданд