Хабарҳо
Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст - 19.01.2018 12:50
Ба озмуни «Техникони наврас» беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷоди хонандагон пешниҳод шуд - 19.01.2018 11:31
Рӯзҳои 20 ва 21 январ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад - 19.01.2018 08:41
Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, тасдиқ гардид - 18.01.2018 22:11
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.01.2018 19:37
Дар Конибодом ситод оид ба назорати раванди яхобмонӣ таъсис дода шуд - 18.01.2018 09:12
Хонандагон дар таътили зимистона ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷалб шуданд - 18.01.2018 09:07
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59

Боз як филми нав аз “Суғдсинамо”. Нахустнамоиши “Тангно” моҳи сентябр баргузор мешавад

( 0 Овоз )

Нахустнамоиши филми ҷадиди «Муассисаи давлатии Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» бо номи «Тангно» моҳи сентябри соли равон баргузор мешавад.

Нахустнамоиши ин филм санаи 4-уми сентябр дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Бино ба  иттилои продюссери филм Дилошӯб Орифзода филми «Тангно» санаҳои 4-ум ва 5-уми сентябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад.

Сипас, аз санаи 11 то 18- уми сентябр  филми «Тангно» дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд,  аз 12-уми сентябр то 13-уми октябр дар шаҳри Конибодом ва аз 14- ум то 30-юми сентябр дар Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент пешкаши ҳаводорони синамои миллӣ хоҳад шуд.

Филм аз рӯи асари «Тангнои гетӣ» -и нависандаи маъруфи тоҷик Сорбон ва дар коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия ва пешниҳод шудааст. Ин филм дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент дар давоми 96 рӯз сабт гардидааст.

Филм муамоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосирро инъикос намуда, аз мушкилот ва пайомадҳои муҳоҷирати меҳнатӣ қисса мекунад ванақши марказии филмро Муҳаммадшариф Раҳматуллоев офаридаааст.

Нақшҳои асосиро Раҷабгул Қосимова, Аҳлиддин Шарифов, Бунёд Комилов ва Сурайё Ҳакимова бозидаанд.Гуфтанист, ки дар филми «Тангно» симоҳои нав хеле зиёд муаррифӣ шудаанд, ки тариқи кастинг ба синамо роҳ ёфтанд.Беш аз 10 нафар кӯдаки синни  аз 4 сола то 13 сола низ  дар ин филм нақш бозидаанд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки «Суғдсинамо» аз 1-уми марти соли 2015 ба фаъолият оғоз карда, ҳайати эҷодии ин киностудия то имрӯз се филми ҳунарӣ - «Коса», «12 соли интизорӣ», «Тангно», инчунин филми хуҷҷатии «Духтари Сайҳун»-ро ба навор гирифтааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Боз як филми нав аз “Суғдсинамо”. Нахустнамоиши “Тангно” моҳи сентябр баргузор мешавад