Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал — Мулкӣ - 11.12.2017 11:40
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун - 11.12.2017 11:38
Эмомалӣ Раҳмон — Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун - 11.12.2017 11:36
РАТС ШОС всегда открыта для сотрудничества в интересах консолидации международных усилий по борьбе c терроризмом - 11.12.2017 10:04
Раиси шаҳри Исфара ба 45 донишҷӯ кумакпулӣ тақдим кард - 08.12.2017 12:20
СУҒД: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиард доллари ИМА баробар шуд - 08.12.2017 10:39
Даври вилоятии олимпиадаи мактабиён оғоз ёфт - 08.12.2017 10:37
Ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи молия - 07.12.2017 16:50
Фестивал - озмуни сурудҳои ватандӯстонаи “Таронаи сарбоз” баргузор шуд - 07.12.2017 15:41
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот мекунанд - 07.12.2017 11:53

Соҳиби грант шудан масъулияту ӯҳдадорӣ аст

( 0 Овоз )

Ҳанўз аз айёми бачагӣ ба ҳунаромўзӣ шавқи беандоза доштам. Зардўзӣ, кашидадўзӣ, ҷўробу ҷемпербофиро аз модарбузургам ёд гирифтам ва вақтҳои фориғ аз дарс бо зардўзӣ бештар машғул мегаштам. Баъдтар бофтани камзўли зарбофти арўсӣ, пойафзоли зардўзӣ ва дигар ашёи гулдўзии зарбофтро омўхта, тавассути ҳунарам ҳамеша дар даст пасандоз доштам.

 Бо дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баҳри рушду эҳёи ҳунарҳои миллӣ роҳи васеъ кушода шуду ният кардам, ки ин ҳунарҳои волою қадимии миллиамон, ҳамчунин атласу адрас ва қолинбофиро ба духтарони деҳа ёд диҳам, то ки онон минбаъд дар роҳи зиндагии худ ҷойи кор дошта бошанду аз дастранҷи хеш ризқ ёбанд.

Бояд гўям, ки Ҷамоати деҳоти мо - Моғиён минтақаи аз ҳама канории шаҳр буда, аз маркази Панҷакент дар масофаи ду соатина роҳ ҷойгир аст. Бештари бонувон хонашинанд ва бо ҳунармандӣ машғул шудани онон баҳри бо ҷомеа пайвастан мусоидат мекунад. Маркази ҳунаромўзии «Дугонаҳо» таъсис додам. То кунун понздаҳ нафар ҷавонзанону духтарон соҳибҳунар гашта, шаҳодатнома гирифтанд. Бо идораи шуғли аҳолии шаҳр ҳамкориро ба роҳ монда будем, аз ин рў алҳол чанд нафар шогирдонам азбаски соҳиби сертификатанд, ба худ ҷойи кор ёфтаанд.

Чун корам пеш рафт, реҷаҳои калонтар, аз ҷумла васеъ намудани истеҳсолотамро ба нақша гирифтам. Бо ин ният барои дарёфти гранти Раиси вилоят дар озмун ширкат намудам. Маҳсулоти худ-шолҳои дастибофти миллӣ, нусхаҳои гуногуни адрасро, ки дар Панҷакент нақшҳои қадимии ин намуди матоъ бофта мешаванд, ба намоиш гузоштем.

Инак, соҳиби гранти Раиси вилоят ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ гардидам. Бо ин маблағ дар давраи аввал 40 нафар бонувонро соҳибҳунар гардонданиам. Дар коргоҳи мо 4 дастгоҳи атласу адрасбофӣ, мошини дарздўзӣ мавҷуд буд. Аз ҷониби Ҷамоати деҳот ба мо боз ду дастгоҳи атласу адрасбофӣ доданд. Баҳри пешравии кор маҳсулотамонро ба фурўш бароварда, ба маблағи он низ дастгоҳу ашёи хом гирифтем.

Мақсади ман аз касбомўзонии занону духтарон он аст, ки бонувон ҷойгоҳ ва мавқеи худро дар ҷомеа дошта бошанд, танҳо бо ташвишу тараддудҳои рўзгору оила банд нашуда, балки бо меҳнати ҷамъиятӣ фаро гирифта шаванд, узви комилҳуқуқи ҷомеа бошанд ва баҳри пешбурди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон саҳм гузоранд.

Салтанат ИБРОҲИМОВА,
соҳибкор аз шаҳри Панҷакент

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Соҳиби грант шудан масъулияту ӯҳдадорӣ аст