Хабарҳо
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22

Фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд-2017” гузаронида мешавад

( 1 Овоз )

Бахшида ба Соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ моҳи октябри соли 2017 Фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд-2017” гузаронида мешавад.

Фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд-2017” дар ду давр доир мешавад ва даври аввали он дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ сурат мегирад. Даври дуюми фестивал дар маркази вилоят бо иштироки ғолибони даври аввал баргузор мегардад.

Дар фестивал ҳамаи ҳунармандон, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, тарроҳон ва дӯзандагони алоҳидаи вилоят иштирок карда метавонанд. Дар вақти баҳодиҳӣ нишондодҳои зерин ба назар гирифта мешавад:

-Беҳтарин либоси миллии қадима (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

-Беҳтарин либоси кӯдакона (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

-Беҳтарин либоси расмӣ (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

-Беҳтарин либоси идона (дар алоҳидагӣ 3 ҷой).

Аз рӯйи ҳар намуди бахш ғолибон муайян карда шуда, бо диплом ва тӯҳфаҳои махсус қадрдонӣ карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд-2017” гузаронида мешавад