Хабарҳо
Заметки по поводу конференции Исламской партии Таджикистана в Дортмунде - 20.07.2018 23:23
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон! - 20.07.2018 15:42
Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2018 - 20.07.2018 15:22
Мулоқоти Маҳмадсаид Шоҳиён бо фаъолони шаҳри Бӯстон - 20.07.2018 13:30
ТӮЙЕ, КИ БА МОТАМ ТАБДИЛ ЁФТ (Қайдҳо дар бораи конфронси ТТЭ наҳзати ислом дар Дортмунд) - 20.07.2018 11:34
Варзишгарони вилояти Суғд дар мусобиқоти байналмилалӣ сазовори 14 медали тилло, 10 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ гардиданд - 20.07.2018 10:28
Суғд: Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ ба андозаи 107,0 фоиз таъмин гардид - 20.07.2018 10:09
Ба ғолибони Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ дар маҷмӯъ 60 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 20.07.2018 09:41
Оғози мумфаршкунии кӯчаи ба номи Усмон Қосимов ва гузоштани санги асос ба бунёди зеристгоҳи барқии "Темурмалик" дар шаҳри Хуҷанд - 19.07.2018 18:56
Вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 19.07.2018 15:33

Дар шаҳри Панҷакент Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот оғоз шуд

( 0 Овоз )

Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Панҷакент бо ташаббуси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панчакент  Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни мардон ва бонувон оғоз ёфт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири бахши  кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент Некрӯзи Муҳаммадсодиқ  хабар дод, дар чемпионати мазкур 24 нафар варзишгарон аз шаҳри  Панҷакент, вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок мекунанд.

Ба иттилои номбурда, дар шаҳри Панҷакент дастовардҳои  ин бозии  қадимӣ зиёд буда, борҳо дар ин шаҳр мусобиқаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ гузаронида шудаанд.

Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни мардон ва бонувон то 13 август идома ёфта, ғолибони он бо медал, сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент  қадрдонӣ мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар шаҳри Панҷакент Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот оғоз шуд