Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тиб - 16.08.2017 14:50
Варзишгарони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 218 медали тилло ба даст овардаанд - 16.08.2017 09:29
Дар шаҳри Гулистон ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 16.08.2017 09:21
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд баргузор мешавад - 15.08.2017 14:09
Саёҳати як гурӯҳ сокинони вилояти Суғд дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода - 15.08.2017 09:08
Дастаи “Хуҷанд” аз дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе шикаст хӯрд - 14.08.2017 15:49
Ҷаласаи 15 – уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ дар шаҳри Гулистон баргузор мешавад - 14.08.2017 14:07
Беш аз 100 нафар омӯзгорон ройгон ба истироҳат фаро гирифта шуданд - 14.08.2017 09:21
Боз як филми нав аз “Суғдсинамо”. Нахустнамоиши “Тангно” моҳи сентябр баргузор мешавад - 14.08.2017 09:20
Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо - 14.08.2017 09:18

Ҷаласаи панҷуми гурӯҳи корӣ доир ба “Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сир”

( 0 Овоз )

Санаи 4 августи соли 2017 дар Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷаласаи панҷуми гурӯҳи корӣ доир ба “Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сир” баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, намояндагони  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти “Хелветас Свисс Интеркооперейшн” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо филиали Ассотсиатсияи “Хелветас Свисс Интеркооперейшн” баргузор шуд ва дар он масъалаҳои марбут ба рафти иҷрои Барномаи илоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025, таҷрибаи идоракунии фаромарзии захираҳои об, идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, нақши ҳавзавии дарёи Сир ва масъалаҳои муҳими обии ҳавза ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷаласаи панҷуми гурӯҳи корӣ доир ба “Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сир”