Хабарҳо
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22

Баргузории конфронс дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон”

( 0 Овоз )

Санаи 4 августи соли 2017 дар доираи Форуми ҷумҳуриявии намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» дар Қасри Гулистони ноҳияи Ҷаббор Расулов конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон” баргузор гардид.

Конфронси мазкур бо ҳузури роҳбарияти ноҳия, иштирокчиёни Форуми ҷумҳуривӣ, масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва ҷавонони фаъол баргузор шуд. Форумро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ноҳия муҳтарам Салимзода Комил оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Сипас сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳимов Шаҳзод ба сухан баромада оид ба мақсаду маромҳои баргузории Форуми мазкур, ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат нисбати ҷавонон ва дастгирии раиси Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ андешаҳои худро баён намуд.

Дар қисми илмии Форум ҷавонони касбу кори гуногун оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯзаҳо намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Форуми мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №АП-833 тасдиқ шудааст аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории конфронс дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон”