Хабарҳо
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22

Қоидаҳои нархгузорӣ дар корҳои сохтмонӣ

( 0 Овоз )

Дар толори ҷамъомадҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Мирзозода Низом Юсуфӣ - муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзалӣ Раҷабов - Раиси Ассотсиатсияи сохтмончиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Абдураҳмон Раҳим - директори Корхонаи Воҳиди Давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон», муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, сохтмончиён, фармоишгарон ва лоиҳакашон оид ба Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ» ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласаро Мирзозода Низом Юсуфӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба қарори баррасишуда, манфиати он ба сохтмончиён, хароҷоти нархгузорӣ, гурехтан аз андоз ва кам нишон додани маоши сохтмончиён, фонди роҳ ва дигар масъалаҳои марбута андешаи хешро иброз дошт.

Каримзода Абдураҳмон Раҳим зимни суханронӣ дар бораи Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ», ки 29 июни соли 2017, таҳти № 324 ба тасвиб расидааст, маълумоти муфассал дод.

Каримзода Абдураҳмон Раҳмон нуктаҳои асосии карорро шарҳ дода, дар бораи муқаррароти умумӣ, мафҳумҳои асосии он, вазифа ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, вазифаҳои вазорату идораҳо ва субъектони фаъолияти шаҳрсозӣ маълумоти пурра дод.

Дар хотима масъулин ба пурсишҳои сохтмончиён ва фармоишгарон доир ба тарзи омода гардидани Низомнома дар ҳайати 15 вазорату идораҳои дахлдор, мониторинг, таснифи рамзҳо, минбаъд пешниҳоди рӯйхати корхонаҳои калону миёна, махзани муайяни системаи нархгузорӣ, таснифи рамзҳо, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо дигар давлатҳои тараққикарда, ба танзим даровардани корҳои сохтмонӣ,  нархҳои устувор ва ғайриустувор, тарзи истифодабарии системаи автоматикунонидашуда,  аз экспертиза гузаронидани лоиҳа ва риояи талаботи корҳои сохтмонӣ, мӯҳлати ба истифода супоридани иншоот ва камбудиҳо дар он ҷавобҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Қоидаҳои нархгузорӣ дар корҳои сохтмонӣ