Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тиб - 16.08.2017 14:50
Варзишгарони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 218 медали тилло ба даст овардаанд - 16.08.2017 09:29
Дар шаҳри Гулистон ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 16.08.2017 09:21
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд баргузор мешавад - 15.08.2017 14:09
Саёҳати як гурӯҳ сокинони вилояти Суғд дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода - 15.08.2017 09:08
Дастаи “Хуҷанд” аз дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе шикаст хӯрд - 14.08.2017 15:49
Ҷаласаи 15 – уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ дар шаҳри Гулистон баргузор мешавад - 14.08.2017 14:07
Беш аз 100 нафар омӯзгорон ройгон ба истироҳат фаро гирифта шуданд - 14.08.2017 09:21
Боз як филми нав аз “Суғдсинамо”. Нахустнамоиши “Тангно” моҳи сентябр баргузор мешавад - 14.08.2017 09:20
Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо - 14.08.2017 09:18

Дар Конибодом ярмаркаи либосҳои мактабӣ ташкил шуд

( 0 Овоз )

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва соҳибкорони маҳаллӣ дар назди Раёсати маорифи шаҳр ярмаркаи либосҳои мактабӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки он то санаи 20-уми август идома хоҳад ёфт. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.

Дар ярмарка коргоҳҳои дӯзандагии «Гулдаст», «Малика», «Созмон», «Манижа» ва сехи навтаъсиси «Зайнаб» маҳсулоти худро пешкаш карданд. Дар маросими ифтитоҳии ярмарка раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ иштирок намуда, таъкид намуд, ки мақсад аз ташкили ярмарка таъмини мактаббачагон бо либоси ягонаи хушсифати мактабӣ ва лавозимоти хониш бо нархҳои дастрас, инчунин дастгирии соҳибкорон мебошад.

Иштирокдорони ярмарка аз маводҳои хониш ва либосҳои зебою хушнамуд, ки дар ярмарка пешкаш карда шуд, дидан карда, аз онҳо харидорӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Конибодом ярмаркаи либосҳои мактабӣ ташкил шуд