Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал — Мулкӣ - 11.12.2017 11:40
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун - 11.12.2017 11:38
Эмомалӣ Раҳмон — Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун - 11.12.2017 11:36
РАТС ШОС всегда открыта для сотрудничества в интересах консолидации международных усилий по борьбе c терроризмом - 11.12.2017 10:04
Раиси шаҳри Исфара ба 45 донишҷӯ кумакпулӣ тақдим кард - 08.12.2017 12:20
СУҒД: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиард доллари ИМА баробар шуд - 08.12.2017 10:39
Даври вилоятии олимпиадаи мактабиён оғоз ёфт - 08.12.2017 10:37
Ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи молия - 07.12.2017 16:50
Фестивал - озмуни сурудҳои ватандӯстонаи “Таронаи сарбоз” баргузор шуд - 07.12.2017 15:41
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот мекунанд - 07.12.2017 11:53

Форуми ҷумҳуриявии намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» дар Суғд

( 0 Овоз )

Аз 3 то 6 августи соли 2017 дар вилояти Суғд Форуми ҷумҳуриявии намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ва дигар қишри ҷавони мамлакат таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» баргузор мегардад.

Дар Форуми мазкур, ки бахшида ба “Соли ҷавонон” доир мешавад, иштироки 150 нафар ҷавонон аз тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар дар назар аст.

Тибқи барномаи форум рӯзҳои баргузорӣ чорабиниҳои фарҳангӣ- фароғатӣ, мулоқоту вохӯриҳои сатҳи баланд, аксияҳо ва саёҳати иштирокчиён ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии вилояти Суғд ва мусобиқаҳои варзишӣ дар нақша гирифта шудааст. Дар доираи Форуми мазкур ҳамзамон баргузории конфренсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон” дар назар дошта шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Форуми мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №АП-833 тасдиқ шудааст аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Форуми ҷумҳуриявии намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» дар Суғд