Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

Баргузории мулоқотҳо ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ

( 0 Овоз )

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират оид ба пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дучор шудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба савдои одамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сӯҳбатҳо доир намуда истодааст.

Аз ҷумла гурӯҳи корӣ аз 24 то 30 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд,  Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов бо сокинон мулоқоту сӯҳбатҳо баргузор намуд. Дар маҷмӯъ, дар шаҳру ноҳияҳои зикргардида 7 чорабинии маърифатӣ бо иштироки зиёда аз 400 нафар шаҳрвандон доир гардид.

Ҳамчунин дар ҳамин давра гурӯҳи дигари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Деваштич ва Айнӣ дар байни аҳли ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ бурд. Дар ин чорабиниҳо низ зиёда аз 400 нафар шаҳрвандон иштирок доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории мулоқотҳо ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ