Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тиб - 16.08.2017 14:50
Варзишгарони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 218 медали тилло ба даст овардаанд - 16.08.2017 09:29
Дар шаҳри Гулистон ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 16.08.2017 09:21
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд баргузор мешавад - 15.08.2017 14:09
Саёҳати як гурӯҳ сокинони вилояти Суғд дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода - 15.08.2017 09:08
Дастаи “Хуҷанд” аз дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе шикаст хӯрд - 14.08.2017 15:49
Ҷаласаи 15 – уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ дар шаҳри Гулистон баргузор мешавад - 14.08.2017 14:07
Беш аз 100 нафар омӯзгорон ройгон ба истироҳат фаро гирифта шуданд - 14.08.2017 09:21
Боз як филми нав аз “Суғдсинамо”. Нахустнамоиши “Тангно” моҳи сентябр баргузор мешавад - 14.08.2017 09:20
Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо - 14.08.2017 09:18

Исфара. Гурӯҳи 30 нафараи волидон ба аёдати сарбозон рафтанд

( 0 Овоз )

Аз шаҳри Исфара 30 нафар волидайни ҷавонписароне, ки алъон дар сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, ба аёдати фарзандонашон сафарбар карда шуданд.

Волидайни сарбозонро дар ин сафар намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шўъбаи рушди иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеа, шўъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҳамроҳӣ намуданд.

Волидони сарбозон таи ду рўз аз 15 қисмҳои низомии мустақар дар шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат ва ноҳияи Рўдакӣ боздид ба амал оварда, тавассути суҳбату мулоқотҳо бо ҳайати қумандонии қисмҳои ҳарбӣ, бевосита бо худи сарбозон ва боздид аз макони хизмату истироҳати аскарбаччаҳо аз ҳолу аҳвол ва сатҳу сифати хизмати ҷавонписаронашондар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ огаҳӣ пайдо намуданд.

Зимни сафар волидайн фарзандонашонро бардаму солим, аз нигоҳи ҷисмонӣ обутобёфта ва бо чеҳраҳои хуррам дарёфт намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғамхории рўзафзун дар ҳаққи сарбозон сипосгузориҳои худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Исфара. Гурӯҳи 30 нафараи волидон ба аёдати сарбозон рафтанд