Хабарҳо
Иштироки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда» - 22.11.2017 10:07
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун доир мешавад - 21.11.2017 15:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 21.11.2017 13:25
Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 21.11.2017 11:47
Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" насиби Нилуфар Тоҷибоева шуд - 21.11.2017 11:46
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2017 19:30
Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” - 18.11.2017 15:06
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25

Мумфаршкунии кучаҳо дар деҳаи Янгиободи ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )

Ба истиқболи 25-солагии Иҷлосияи  ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Янгиободи ҷамоати деҳоти Т.Ўлҷабоеви ноҳияи Спитамен корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза гирифта истодаанд.

Санаи 31 июли соли 2017 бо ибтикор ва ташаббуси сокинони деҳа, дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ва соҳибкорони бонангу номуси маҳаллӣ – роҳи марказии деҳаи Янгиобод, ки чанд сол инҷониб таъмирталаб буд, ба масофаи 1,3 км., бо паҳнои 6 метр асфалтпўш гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки тўли як моҳи охир ҳамаи сокинони деҳа сарҷамъ гардида, бо ҳамдастии Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгади ноҳия бо истифода аз техникаҳои мавҷуда роҳҳои марказии  деҳаро шағалпўш намуда, барои хобонидани асфалт омода намуданд.

Имрӯз дар оғози корҳои мумфаршкунии кучаи мазкур раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Раиси ноҳия аз ин иқдоми роҳбарияти ҷамоати деҳоти ба номи Т.Ўлҷабоев ва соҳибкорони маҳаллӣ изҳори сипосмандӣ намуда, зикр дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин амалҳо ҳамеша соҳибкоронро дастгирӣ мекунад.

Мавриди зикр аст, ки корҳои асфалтхобониро масъулини ҶДММ «Роҳсозон» бар зимма дошта, якчанд техникаи муосир  бо сифати баланд роҳро мумфарш намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мумфаршкунии кучаҳо дар деҳаи Янгиободи ноҳияи Спитамен