Хабарҳо
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд - 17.11.2017 16:25
Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» ва тақдими туҳфаҳои идона ба 160 нафар ятими кулл - 17.11.2017 14:09
Китоби “Пешвои миллат ва сиёсати забон” муаррифӣ шуд - 17.11.2017 12:44
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:41
Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:40
Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлати навини тоҷикон - 17.11.2017 11:16
Конибодом. Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 17.11.2017 11:10
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар шаҳри Исфара чорабинӣ доир шуд - 17.11.2017 11:06
Таҷлили 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт - 17.11.2017 11:05
Мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол - 16.11.2017 11:39

Иштироки донишмандони тоҷик дар ҳамоиши байналмилалии «Мирзо Бедил ва мероси ў»

( 1 Овоз )

Бо ибтикори Анҷумани равобити фарҳангии Ҳинд (ISSR) дар донишгоҳи Панҷоб, воқеъ дар шаҳри Чандигарҳи кишвари Ҳиндустон ҳамоиши байналмилалии «Мирзо Бедил ва мероси ў» доир гардид, ки дар кори он бедилпажўҳон аз кишварҳои мухталифи дунё, аз ҷумла Тоҷикистону Ўзбекистон, Афғонистону Эрон ва худи Ҳинд ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Насиба Содиқова ва сардори Раёсати илм ва инноватсияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ Нуралӣ Нурзод намояндагӣ намуданд.

Бино ба иттилои Нуралӣ Нурзод дар ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиш вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон М.Ҷ. Акбар, муовини раиси  Анҷумани равобити фарҳангии Ҳинд Намрата Кумар, ректори Донишгоҳи Панҷоб профессор Арун Кумар суханронӣ намуда, Бедилро яке аз ифтихороти на танҳо форсизабонон, балки мардуми Ҳинд унвон намуданд, ки воқеан мероси адабии ў имрўз ҳам ба таҳқиқу баррасии амиқтар ва ҳам тарҷума ниёз дорад.

Дар доираи баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ як барномаи консертӣ бар асоси ашъори Бедил таҳти унвони «Тарзи Бедил» ва ҳамзамон намоишнома бар пояи рўзгор ва осори суханвар бо номи «Достони Бедил» бо забонҳои тоҷикӣ ва урду таҳия ва ба намоиш гузошта шуд.

Давоми солҳои охир дар қаламрави бедилшиносӣ воқеан як таваҷҷӯҳи густарда эҳсос мешавад ва давоми панҷ моҳи охир дар Ҳиндустон ду маротиба ҳамоиши байналмилалии бедилшиносӣ, яке дар Донишгоҳи Лакҳнав ва дигаре дар ҳамин донишгоҳи Панҷоб доир гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Иштироки донишмандони тоҷик дар ҳамоиши байналмилалии «Мирзо Бедил ва мероси ў»