Хабарҳо
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо кормандони соҳаи маориф - 23.02.2018 16:18
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.02.2018 14:40
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” - 23.02.2018 13:53
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ - 22.02.2018 09:57
Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расонданд - 22.02.2018 11:51
Конибодом. Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд - 22.02.2018 14:49
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.02.2018 14:59
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо интихобкунандагон - 22.02.2018 14:10
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 22.02.2018 13:53
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова - 22.02.2018 11:30

Оғози ярмарка-фурӯши лавозимоти мактабӣ. Ба 200 хонанда аз оилаҳои ниёзманд сарулибос тақдим шуд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Дар назди бинои  Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд  ярмарка - фурӯши лавозимоти мактабӣ оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳии ярмарка муовини Раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин Қудрат,  муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва як қатор хонандагону волидон ва устодони мактабҳои миёнаи умумӣ иштирок доштанд.

Файзуллозода Заробиддин Қудрат - муовини Раиси вилоят зимни суханронӣ қайд намуд, ки ярмаркаи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша- чорабинии тасдиқгардида чунин ярмаркаҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор мегардад. Ин тадбир имконият медиҳад, ки хонандагон аз маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ истифода баранд.

Хол Ҳайдар -муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз номи роҳбарияти вазорат ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, ташкилкунандагони чорабинӣ  миннатдорӣ баён кард ва аз маҳсулоти пешкаш намуда изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар рафти чорабинӣ ба 200 нафар кӯдакони камбизоат ва ятим аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосҳои ягонаи мактабӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози ярмарка-фурӯши лавозимоти мактабӣ. Ба 200 хонанда аз оилаҳои ниёзманд сарулибос тақдим шуд