Хабарҳо
Дар 5-умин Бозиҳои Осиё 39 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок доранд - 19.09.2017 15:24
Спитамен. Баргузории мулоқотҳо ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 19.09.2017 10:08
23 сентбяр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад - 19.09.2017 10:05
Суҳбат атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2017 10:00
Аз санаи 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодом Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мешавад - 19.09.2017 09:26
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш - 19.09.2017 08:41
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ - 18.09.2017 08:38
Баргузории семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017 – 2020” - 15.09.2017 13:45
Боздиди намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд - 15.09.2017 13:14
«Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!» — ҷаласаи корӣ дар Гулистон - 15.09.2017 13:07

Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом

( 0 Овоз )

Бо шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар сохтмону бунёди иншооти наву замонавӣ ва марказҳои маишию хизматрасонӣ босуръат меафзояд.

Ба истиқболи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом як иншооти боҳашамати замонавӣ ифтитоҳ ёфт. Ин маркази нави хизматрасониву маишӣ иборат аз ду ошёна ва таҳхона, ки бо иқдоми соҳибкор Заррина Мамадова сохта ба истифода дода шуд, коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ, мағоза ва тарабхонаро дарбар гирифта, бо истифода додани он дар роҳи созандагиву бунёдкории деҳа як қадами устувор гузошта шуд.

Дар ин рӯз аз тарафи соҳибкор З.Мамадова дар туйхонаи «Заррина» хатнасури хайриявии 4 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди деҳа низ баргузор карда шуд. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тӯйдоронро бо ин рӯзи нек шодбош гуфта, туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом