Хабарҳо
Дар 5-умин Бозиҳои Осиё 39 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок доранд - 19.09.2017 15:24
Спитамен. Баргузории мулоқотҳо ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 19.09.2017 10:08
23 сентбяр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад - 19.09.2017 10:05
Суҳбат атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2017 10:00
Аз санаи 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодом Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мешавад - 19.09.2017 09:26
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш - 19.09.2017 08:41
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ - 18.09.2017 08:38
Баргузории семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017 – 2020” - 15.09.2017 13:45
Боздиди намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд - 15.09.2017 13:14
«Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!» — ҷаласаи корӣ дар Гулистон - 15.09.2017 13:07

Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Истаравшан бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони як қатор синфхонаҳои иловагӣ идома дорад.

Бино ба иттилои раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода айни замон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61-и деҳаи Найман сохтмони се синфхонаи иловагӣ барои 75 ҷойи нишаст, дар деҳаи «Кунҷок» сохтмони чор синфхонаи иловагӣ барои 100 ҷойи нишаст, дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21 –и деҳаи Чорбоғ шаш синфхонаи иловагӣ барои 150 ҷойи нишаст, дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №59 се синфхонаи иловагӣ барои 75 ҷойи нишаст, дар мактаби деҳаи Сўфи Ориф чор синфхонаи иловагӣ барои 100 ҷойи нишаст, дар мактаби деҳаи Ругунд шаш синфхонаи иловагӣ барои 150 ҷойи нишаст, дар мактаби деҳаи Боғи Калон ҳашт синфхонаи иловагӣ барои 200 ҷойи нишаст бо маром идома доранд.

Зимнан, дар шаҳри Истаравшан 73 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаби миёнаи асосӣ, 1 литсей, 6 гимназия,  1 мактаби хусусӣ, 1 гимназияи хусусӣ, 1 мактаб-парваришгоҳ, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият мебарад ва дар онҳо 55640 нафар хонандагон, аз ҷумла 26995 нафар духтарон таҳсил менамоянд. Шумораи омўзгорон бошад 3153 нафарро ташкил медиҳад, ки 1541 нафари онҳо занон мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад