Хабарҳо
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд - 17.11.2017 16:25
Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» ва тақдими туҳфаҳои идона ба 160 нафар ятими кулл - 17.11.2017 14:09
Китоби “Пешвои миллат ва сиёсати забон” муаррифӣ шуд - 17.11.2017 12:44
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:41
Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:40
Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлати навини тоҷикон - 17.11.2017 11:16
Конибодом. Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 17.11.2017 11:10
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар шаҳри Исфара чорабинӣ доир шуд - 17.11.2017 11:06
Таҷлили 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт - 17.11.2017 11:05
Мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол - 16.11.2017 11:39

Бо мақсади тарғиби моҳияти мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат мулоқот доир шуд

( 2 Овоз )

Имрӯзҳо дар шаҳри Бӯстон дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқотҳо баргузор гардида истодааст.

Аз ҷумла чунин як мулоқот сани 20 июли соли 2017 бо иштироки сардори шуъбаи иттилооти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Комилзода, командири қисми ҳарбии 051056 Гвардияи миллӣ Исматулло Одиназода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилов дар қисми ҳарбии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон доир гардид.

Зимни мулоқот баромадкунандагон оид ба раванди барқарории сулҳу субот, дастгирии давлатии ҷавонон, баргузории мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масоил ибрози назар намуданд.

Дар интиҳо сарбозону сержантон дар васфи Ватан – Модар порчаҳои шеърӣ қироат намуда, сурудҳои ватандӯстона сароиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бо мақсади тарғиби моҳияти мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат мулоқот доир шуд